Мақомоти Украина аз ҳамлаҳои нави мушакии Русия гузориш доданд.
Онҳо рӯзи 16-уми декабр аз таркишҳо дар ҳадди ақал се шаҳри Украина хабар дода, гуфтанд, Русия ҳамлаи ракетии бузургро ба таъсисоту зербиноҳои энержӣ анҷом дод.
Волии Харков дар паёме дар Телеграм гуфт, интиқоли барқ дар ин шаҳр қатъ шуд.
Аз тарафи дигар артиши Украина рӯзи ҷумъа эълон кард, ки ҳамлаҳои Русияро дар наздик ба 22 маҳалла дар Донетску Луҳанск зада баргардонд.
Артиши Украина гуфтааст, тамаркузи асосии Русия ба шаҳрҳои Бахмут ва Авдеевка дар шарқи Украини аст, вале дар айни ҳол талош мекунад, дар минтақаи ҷанубии Запорожйе ҷои пойи маҳкамтаре ёбад.
Нерӯҳои Русия рӯзи 15-уми декабр низ ба таъсисоти муҳими энержии Украина ҳамла карданд. Дар натиҷаи он, ба гуфтаи мақомҳои украинӣ, ба шуморе аз ғайринизомиён осеб расид.
Херсон, шаҳре, ки чанде пеш аз дасти нерӯҳои Русия озод шуд, комилан бе барқ мондааст.
Гуфтугӯ