Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон нарафт?


Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 ба ВМКБ сафар карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 ба ВМКБ сафар карда буд.
Манобеи боварбахши Радиои Озодӣ далели лағви сафари раисҷумҳури Тоҷикистонро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шарҳ доданд. Намояндагони ҳукумат дар охири моҳи августи соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон эҳтимол моҳи сентябр ё октябр ба Бадахшон равад ва омодагиҳо шуруъ шудааст.

Вазъи амниятӣ ё саломатӣ?

Ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кор мекунанд, рӯзи 31-уми декабри соли 2022 гуфтанд, далели нарафтани Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ба "ноамнии Афғонистон" ва "вазъи саломати ӯ" пайванд дорад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ расман вазъро шарҳ надодааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар тобистону тирамоҳи соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва минтақаҳои тобеи пойтахт сафар кард.

Ба гуфтаи манобеъ, ҳангоми сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, пеш аз сари қудрат омадани Толибон, гурӯҳе аз нерӯҳои амниятӣ ба он сӯи марз рафта, вазъро аз он сӯи Ому назорат мекарданд.

Аксар деҳаҳои ВМКБ дар хати марз, ки онро рӯди Панҷ ҷудо мекунад, ҷойгир шудаанд. "Дар ҳақиқат, омодагӣ буд, вале дар лаҳзаи охир ҳам ВКД ва ҳам КДАМ хулоса доданд, ки замонат дода наметавонанд, беҳтараш президент нарвад. Пизикшон ҳам сафари ӯро ба баландкӯҳҳо тавсия намедиҳанд," -- гуфт яке аз манобеи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Назари сокинон чист?

Як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, лағви сафар бо баҳонаи “вазъи Афғонистон” боварбахш нест.

Ӯ мегӯяд, моҳи октябри соли 2021, пас аз якуним моҳи сари қудрат омадани Толибон Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон сафар карда буд. бовари вай, он замон баҳси лафзӣ миёни мансабдорони тоҷик ва Толибон сахт буд, аммо сафари президент бекор нашуд.

"Фикр мекунам, онҳо бештар аз мардуми маҳаллӣ тарсиданд, ки барои ҳодисаҳои моҳи май қасос нагиранд. Пас аз онки президент гуфт, фармони амалиётро дар Бадахшонро додааст, норозигӣ бештар шуд. То он вақт бисёриҳо фикр мекарданд, ки мумкин президент хабар надорад. Мардум ҳоло ором ба назар мерасанд, лекин дили аксарият, ба хусус дар Хоруғу Рӯшон сиёҳ аст," -- гуфт ин сокини ВМКБ.

Қоҳир Расулзода ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмон рафт?

Тобистони имсол пас аз анҷоми, ба гуфтаи мақомот, "амалиёти зиддитеррористӣ", вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, “саркӯби норозиён” расонаҳои давлатӣ аз бунёди корхонаҳои хурд дар вилояти Бадахшон пайиҳам хабар доданд.

Моҳи ноябр расонаҳои давлатӣ аз сафари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ба ин вилоят гуфтанд. Дар аксу наворҳое, ки нашр шуд, сарвазири Тоҷикистон корхонаҳои, ба гуфтаи расонаҳои давлатӣ, навбунёдро боз кард. Коре, ки маъмулан Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар анҷом медод.

Сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба минтақаҳо борҳо танқид карда буданд. Ба ин маъно, ки харҷи омодагӣ ба сафари президент аксаран бештар аз маблағи бунёди корхонаест, ки дар ифтитоҳи он ширкат мекунад.

Дар Бадахшон чӣ гузашт?

Вазъ дар Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ ноором шуд. Рӯзи 16-уми майи соли 2022 гурӯҳе аз ҷавонон дар Хоруғ бо талаби ҷазо додани қотилони Зиёбеков эътироз карданд.

Мақомот барои саркуби эътирозгарон, ки “гурӯҳи муташакили ҷиноӣ” меномид, аз марказ нерӯ фиристоданд. Роҳи корвони низомиро дар Рӯшон бастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки эътирозгарон ба низомиён ҳамла кардаанд ва аз оғози амалиёт алаёҳи онҳо хабар дод.

Дар натиҷаи амалиёти мақомот 34 нафар кушта ва даҳҳо нафар боздошту зиндонӣ шуданд. Сокинон бар ин назаранд, ки кушташудаҳо бегуноҳ буданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон амали намояндагони ҳукуматро маҳкум карданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG