Дар як моҳи ахир шикоятҳо аз гирифтор шудан ба бемории зуком ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас дар Тоҷикистон якбора зиёд шудааст. Бархе сокинон мегӯянд, дар қиёс ба солҳои гузашта, бемории зукомро вазнин гузаронданд. Чаро ин ҳолат пеш омад ва чигуна худро бояд ҳифз кард?
Сайёра Ёрова, пизишки Бемористони сироятии шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор гирифторӣ ба зуком ва бемориҳои сироятии роҳҳои нафас зиёд мешавад.
Шикоятҳо аз зуком ва бемориҳои роҳҳои нафас аз оғози моҳи декабри зиёд шуд. Ин беморӣ ба гуфтаи сокинон, нишонаҳояш ба COVID-19 монанд аст ва "муолиҷааш низ мушкилу давомдор" мебошад.
ВИДЕОИ СУҲБАТРО ДАР ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:
Масъулони Вазорати тандурустӣ ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19-ро рад карда, вазъи пешомадаро "зукоми мавсимӣ" мегӯянд.
Сайёра Ёрова, пизишки Бемористони сироятии шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳоло асосан кӯдакон ва калонсолон аз зуком ва бемориҳои роҳҳои нафас ба онҳо шикоят мекунанд.
"Яке аз сабабҳои вазнин гузарондани зуком ё бемориҳои сирояти шадиди роҳҳои нафас, ин паст шудани сатҳи масуният ё имунитет аст. Таъсири муҳити зист, боду ҳаво ва ғизои носолим метавонанд масунияти одамонро паст кунад",-афзуд Сайёра Ёрова.
Бархеҳо дар ин бора назари дигар доранд ва мегӯянд, вазнин гузаштани зуком пайомади COVID-19 аст.
Адҳам Қодиров, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, қариб ду ҳафта аз бемории зуком табобат гирифт.
"Солҳои гузашта ҳам зуком мешудем, аммо бо хӯрдани ягон дору зуд мегузашт. Аммо имсол қариб ду ҳафта сӯзандору гирифтам ва натавонистам ба кор равам. Тамоми аъзои баданам дард мекард,"-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Пизишки ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, барои пешгирӣ аз гирифтор шудан ба зуком ё дигар бемориҳои роҳҳои нафас, сокинон бояд ниқоби тиббӣ пӯшида, барои боло бурдани сатҳи масуният (имунитет)-и бадан талош кунанд.
"Дар ҳолати бемор шудан, сокинон бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат кунанд, ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд. Шахси бемор бояд муваққатан ҳуҷраи худро ҷудо кунад ва онҷо табобат гирад. Аз сабаби онки он шахс манбаи сироят аст, бояд ҳам ниқоб пӯшад ва ҳам фосилаи иҷтимоиро нигоҳ дорад. Шахсони бемор то сиҳат шудан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозор, масҷид ва меҳмонӣ худдорӣ намоянд, то дигар шахсон аз онҳо сироят наёбанд",-афзуд ин пизишки тоҷик.
Гуфтугӯ