Дар Тоҷикистон қонуни дар бораи ватандӯстӣ (патриотизм) қабул ва барои риоя накарданаш ҷавобгарӣ пешбинӣ шуд. Намояндагони порлумон ва ҳукумат "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"-ро барои худшиносии сокинон муҳим хонданд. Мунтақидон таҷрибаи кӯҳна ва бозмонда аз Шӯравии собиқ донистанд.
"Ин ҳама аз надонистани таърих аст"
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, яке аз ҳадафҳои қонунро "пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ" арзёбӣ кард.
Ӯ рӯзи 6-уми январ гуфт: "Бояд дар зиндагӣ, дар дохили ҷумҳурӣ ё берун аз он фаъол бошанд, манфиатҳои миллӣ ва давлатии худашонро муҳофизат кунанд. Ҷалб шудан ба ҷангҳои Украина, Сурия ва дахолат дар онҷо, пайвастан ба гуруҳҳои ифротгароиву террористӣ, ин ҳама аз надонистани таърих аст."
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон солҳо боз як барномаи идораи ҷавонони кишвар аст, вале акнун ба қонун ворид шуд. Аз ҳоло бисёриҳо чигунагии иҷрои он, бавижа танбеҳу ҷазоро барои риоя накарданаш, баҳс мекунанд. Мақомот мегӯянд, барои татбиқаш консепсияву барнома дуруст хоҳанд кард.
"Либоси кӯҳна мепӯшам, вале мардона мегардам"
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ ва муовини аввали раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, мегӯяд, барои қабули ҳамин гуна қонун зарурат набуд, чун Конститутсия масъулият ва вазифаҳои ҳар шаҳрвандро муқаррар кардааст.
"Ин таҷриба дар замони Шӯравӣ буд. Имрӯз низ ҳаст, дар Чин, Куба ва кишварҳои дигар, вале самарабахш не. Пайомадаш мусбат нест. "Шароби талх наменӯшам, вале мастона мегардам, Либоси кӯҳна мепӯшам, вале мардона мегардам." Бояд ба мисли Ҳиндустон мебуд. Мардум муҳаббату самимияти ҳукуматро эҳсос мекард. Аз ин рӯ, ҳар як сокинаш омода аст, барои ҳимояти тамомияти арзӣ ва якпорчагияш бихезад," – шарҳ дод ӯ.
"Дӯст доштан ихтиёрист"
Роҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе низ дар ин маврид назари яксон надоранд. Яке аз мусоҳибон гуфт, "дӯст доштан маҷбурӣ нест, ихтиёрӣ аст. Ҳама ватану модар ва оилаашро дӯст медорад. Барои дӯст доштан қонун зарур нест." Дигаре афзуд, "ин қонун барои мо, ҷавонон, хуб аст. Ҳар шахс бояд нисбат ба ватан масъулият ҳис кунад.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Қонун "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", ба иттилои расмӣ, аз тарафи Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод ва бидуни баҳс пазируфта шудааст. Худи раиси ҷумҳур онро дар охири моҳи декабри соли 2022 имзо гузошт ва ба иҷрояш роҳ кушод.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон тайи моҳҳои охир гаштаву баргашта қонунро тавсиф карданд, вале намояндагони мухолифон “як қонуни сохта ва баҳонаи дигаре барои саркӯб ва рӯйпӯш кардани камбудҳо” номиданд.
Ба қавли коршинос Амони Асрор, “мардум ё шиками сер мехоҳанд, ё ҳимояти ҳукуматро. Ба сабаби набудани ҷойи кору маоши муносиб ва озодии баёну андеша ҳазорҳо нафар хонаву дару кишварро гузошта ба ҷойи дигар рафтанд. Садҳо ҳазор кас шаҳрвандии Русияро пазируфтанд. Мақомот инро бояд ислоҳ кунанд."
Айни қонун соли 2017 дар Чин қабул шудааст. Русия низ қонуни ватандӯстиро барои хонандагони мактабҳои миёна тасвиб кард. Беларус, кишвари дигари собиқи Шӯравӣ, барои солҳои 2022-2025 чунин барнома дорад. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, Тоҷикистон аз онҳо пайравӣ кардааст.
Гуфтугӯ