Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский чор вакилро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кард


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Владимир Зеленский, президенти Украина шаби 10-уми январ эълон кард, ки чаҳор вакили мардумии муттаҳам ба хиёнат ба ватанро аз ҳаққи шаҳрвандии кишвар маҳрум кардааст.

Ӯ гуфт, ин қарори ғайриоддӣ дар бораи Андреё Деркач, Тарас Козак, Ринат Кузмин ва Виктор Медведчук бар асоси маълумоти ниҳодҳои ҷосусӣ ва амниятии Украина қабул шудааст.

Чаҳор вакили мардумӣ баъди ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврал ба хиёнат ба ватан муттаҳам шуданд.

Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоӣ гуфт, “агар намояндаи баргузидаи мардум на ба онҳо, балки қотилоне, ки ба Украина омадаанд, хидмат мекунанд, пас мо чораҳои муносиб меандешем.”

Вакилони маҳрумшуда аз ҳаққи шаҳрвандии Русия узви Ҷабҳаи муқовимат, як ҳизбе ҳастанд, ки ҳоло фаъолияташро дар Украина манъ кардаанд.

Ҳеч яке аз ин вакилон ба гуфтаҳои Владимир Зеленский вокунише нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG