Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони рус дастгираш карданд ва баъд нопадид шуд. ВИДЕО


Павло Мосинянро волидонаш моҳҳо боз ҷустуҷӯ доранд
Павло Мосинянро волидонаш моҳҳо боз ҷустуҷӯ доранд

Дар Украина як сарбозе, ки бовар меравад, нерӯҳои Русия дастгираш кардаанд, беному нишон шудааст. Волидони сарбоз садои фарзандашонро дар як видео шинохтанд.

Ҷустуҷӯи писар аз 17-уми май, замоне ки мудофеони корхонаи “Азовстал” таслим шуданд ва паёми охиринашро фиристод, идома дорад. Мегӯянд, шояд дар як зиндони Русия қарор дорад, аммо сарнавишташ номуайян мебошад.

Замоне ки Павло Мосинян дастгир шуд, дар шаҳри Мариупол як узви горди миллии Украина буд. Бо шурӯи ҳуҷуми Русия ба Украина, Мосинян аз дохили корхонаи "Азовстал" ба волидонаш паёми видеоӣ фиристод. Дар ин навор мегӯяд: "Салом, оила. Ин наворро мефиристам, бубинед, ман хубам. Мо дар паноҳгоҳ ҳастем. Ҳама чиз хуб аст."

Бо наздиктар омадани русҳо, "Азовстал" макони охирини муқовимати сахт гардид. Волидон он замон аз писар паёми дигаре гирифтанд.

Микола Мосинян, падари Павло, мегӯяд: "Ба мо гуфтанд, ки ӯ захмӣ шудааст. Чанде баъд ба мо навишт, ки: "Падар, модар, хавотир нашавед. Як ҷоям харошидааст, тамом." Вале мо баъдтар фаҳмидем, ки ӯро ҷарроҳӣ кардаанд. Ӯ як моҳ гашта натавонист, бистарӣ аст. Баъдтар шунидем, ки беморхонаи "Азовстал"-ро бомбаборон кардаанд."

Сарбози украинии асирафтода куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Мудофеон то 17-уми май аз "Азовстал" дифоъ карданд. Рӯзе, ки таслим шуданд, волидон дар бораи Павло паёми дигаре гирифтанд. Свитлана Мосинян, модари Павло, мегӯяд: "Як паёмак ба мо неву келинамон расид. Дар он чунин навишта буд. Ба волидонам бигӯ, ки дар чанд рӯзи дигар моро табдил мекунанд. Ин охирин паёме буд, ки аз ӯ гирифтем.”

Аз саҳнаҳои низомиёни дастгиршуда чандин видео нашр шуд. Свитлана Мосинян, модари Павло мегӯяд: "Мо ҳамаи наворҳоро дидем, на дар видео, на дар аксе ӯро надидем." Падараш мегӯяд: "Вале дар як видео дар пушти навор худашро надидем, лекин садояшро шинохтем."

Чанде баъд як марде, ки бо Павло хидмат кардааст, бо волидонаш дар тамос шуд. Модари Павло мегӯяд: "Ӯ гуфт: "Ман дар таҳхонаи Азовстал ҳамроҳи писари Шумо будам. Вақте ӯ маҷруҳ шуд, ман ӯро ба дохил бурдам. Мо мисли бародар шудем. Шумо бояд бо писаратон ифтихор кунед. Ӯ як қаҳрамони воқеӣ аст."

Ин сарбоз тасдиқ кардааст, ки Павло Мосинянро нерӯҳои Русия ба ҳабс гирифтанд. Акнун ӯ ҳам яке дигар аз низомиёни украинӣ аст, ки бовар меравад дар боздошт аст, вале аз ҳолу аҳволи ӯ ҳеч дараке нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG