Вазорати дифои Русия гуфт, неруҳои кишвар шаҳри шарқии Соледари Украинаро ишғол кардаанд, ки дар натиҷаи ҷангҳои сахт ба як вайрона мубаддал шудааст.
Вазорат дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 13-уми январ гуфт, шаҳри аз назари стротегӣ муҳим ва манбаи истихроҷи намакро шаби гузашта гирифтанд. Тасдиқи иддаои вазоратро аз манобеи мустақил номумкин аст. Айни замон Сергей Черетави, яке аз сухангӯёни артиши Украина ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки "ин ҳақиқат надорад, ҷангҳои сахте ҳануз дар шаҳр идома доранд."
Мақомоти Украина аз ин пештар гуфтанд, дар шаҳри Соледар ба ҳуҷуми сахти неруҳои Русия рӯ ба рӯ шудаанд. Ганна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт:”Шаб дар Соледар доғ буд. Ҷанг идома дошт. Душман тамоми неруҳояшро ба тарафи Донетск равона сохта, ба таҳоҷуми сахте гузаштааст.” Ӯ афзуд: “Ин як марҳилаи сахти ҷанг аст, вале бидуни шак мо ин ҷангро мебарем.”
Вазорати дифои Русия гуфт, дар натиҷаи ҷангҳои сахту бомборон дар се рӯзи гузашта садҳо сарбози украинӣ кушта шуданд. Мақомоти Украина гуфтаанд, ки 500 нафар, аз ҷумла 15 кӯдак дар дохили ин шаҳр дармондаанд. Русия дар бораи талафоти эҳтимолӣ дар байни ғайринизомиён иттилое надодааст.
Русия барои ишғоли Соледар манобеву неруи зиёдеро сафарбар кардааст, то шароитро барои муҳосираи шаҳри Бахмут фароҳам кунад, ки дар 10 километрии ҷанубуғарби ин шаҳр қарор дорад.
Вазорати дифои Русия гуфтааст: “Таъсиси назорати комил дар Соледар, имкон медиҳад, роҳҳои таъминотии неруҳои Украина дар ҷанубуғарби шаҳри Артёмовск (номи пешинаи Бахмут) қатъ шавад.” Ҷанг барои Бахмут моҳҳост, ки идома дорад. Чанд рӯз пештар аз баёнияи вазорат, Евгений Пригожин, як тоҷири шарики ҳукумати Русия ва раҳбари гуруҳи хусусии зархаридон бо номи Вагнер гуфт, ки неруҳои он дар ҳамоҳангӣ бо сарбозони Русия шаҳри Соледарро ишғол кардаанд.
Бо вуҷуди аҳамияти стратегии Соледар, Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико гуфт, ки пирӯзии Русия дар ин шаҳр ва ё ҳатто дар Баҳмут, наметавонад, таъсири умдае дар хати ҷанги бедалели Русия ба зидди Украина надошта бошад. Ҷон Кирби рӯзи 12-уми январ дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт: ”Ҳатто агар Бахмут ва Соледар ба дасти русҳо биафтад, ҳеч таъсири умдае дар худи ҷанг нахоҳад дошт. Ва мутмаинан пеши роҳи украиниҳоро намегирад ва ё онҳоро суст намекунад.”
Гуфтугӯ