Хабарнигори 44-сола, ки бахши асосии давраи корашро дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла "Садои Душанбе", гузарондааст, чӣ гуна ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд?
Рисолаи нопурра ва рафтани иҷборӣ
Абдусаттор Котибов, маъруф ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, соли 1978 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, факултаи суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, “чаҳор фарзанд дорад. Хурдияш дусола ва калонияш ҳаштсола. Ӯро моҳи июли имсол ба бозпурсӣ ба идораи милитсияи зодгоҳ даъват карда, дигар раҳо накарданд.”
Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, бародараш ба сабаби дигарандешӣ ҳамеша зери зарбаву фишор буд ва ҳатто ин таъсир ба рисолаи илмияш расид. Ба қалви ӯ, хабарнигор соли 2017 унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф буд ва таҳқиқоти илмии худро дар мавзӯи “Таъсири ВАО ва шабакаҳои интернетӣ дар ташаккули эътимодоти ахлоқии насли наврас” оғоз намуд, “аммо боз имкон надоданд”.
Ӯ солҳои дароз дар расонаҳои давлатӣ кор кардааст. Аз муҳарриру муовини сармуҳаррири барномаҳои “Садои Душанбе” то ба муҳаррирӣ дар як бахши Радиои Тоҷикистон расид, вале соли 2019, ба истилоҳ, “бо хоҳиши худ” аз кор рафт. Чизе, ки наздиконаш тасмими маҷбурӣ медонанд. Ба таксиронӣ рӯй овард.
Наворе, ки ӯро шиносонд
Номаш моҳи ноябри соли 2020, пас аз як муроҷиати видеоӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон вирди забон шуд. Пирмуҳаммадзода аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва бекории саросарӣ дар Тоҷикистон шикоят кард.
"Фикри мардуми камбағаларо намекунед? Чӣ кор кунанд онҳо? Ҷойи корашон-ку ёфта наметавонед. Ҷойи корӣ надоред. Пас, монед, ки зиндагиашонро пеш баранд", -- гуфт ӯ дар навор.
Пас аз он ба шабакҳои иҷтимоӣ рӯй овард. Дар Фейсбук ва Ютуб фаъол буд ва бештар дар масоили иҷтимоӣ мегуфту менавишт. Ҳамзамон ба шуғли асосияш – таксиронӣ идома дод.
Дар баҳори соли 2022 эълон кард, ки хаста шудаасту ба блогерӣ поён медиҳад. Далелашро дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ингуна баён кард: “Дидам, ки мардум ҳамин чизҳоро намехоҳад. Дар оғоз як ҷасорат пайдо карданд, гуфтанд, ки дигар мо шикоят карда метавонем. Дигар фарқ надошт, ки ӯ корманди милиса аст, амният аст ё мақомдори дигар. Баромаданду ошкоро гуфтанд, ки ин ҳуқуқи маро поймол кардааст, ман ҳаққи худро мехоҳам, вале оҳиста-оҳиста боз ҳам тарсӯӣ, беҷуръатӣ, дудилагӣ шуд.”
Нома аз боздоштгоҳ
Яке аз хабарнигорон, ки дар гузашта бо ӯ дӯстӣ дошт ва ҳоло ба сабаби ҳассосияти мавзуъ нахост номашро нависем, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро шахсе тавсиф кард, ки “нуқсҳоро надида наметавонист”.
“Бештар дилаш ба мардум месӯхт. Шояд бисёриҳо чунин хислат доранд, вале таҳаммул мекунанд ё аз пайомади суханашон метарсанд. Ӯ ингуна набуд. Ҳатто дар боздоштгоҳ хомӯш наистод. Шояд ҳама шиканҷа шуданду зери фишор буданд, вале ӯ аввал шуда онро навишту расонаӣ кард,” -- афзуд ӯ.
Ишораи ҳамсуҳбати мо ба номаест, ки дар моҳи августи соли 2022 тавассути манобеъ дастраси Радиои Озодӣ ва нашр шуд. Дар он Пирмуҳаммадзода гуфта буд, “он қадар заданду кӯфтанду ба барқ монданд”, ки ҳамкориро бо намояндагони мухолифон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, бар дӯш гирифт. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ҳеч вақт бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тамос надошт.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз мақомоти тафтишотӣ хост, номаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро таҳқиқ кунанд ва то дастрас шудани посухи онҳо муҳокимаро боздошт. Муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, ки иддаои шиканҷа шудани Пирмуҳаммадзодаро Додситонии кул баррасӣ дорад, вале ҷузъиёташ дастрас нашуд.
Додгоҳ Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар моҳи ноябри соли 2022 ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард. Наздиконаш гуфтанд, худи ӯ ҳукмро беасос номид, аммо дигар шикоят накарданд.
Гуфтугӯ