Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегӯянд, ин бор маҷбурӣ ба ҷанг мебаранд" ВИДЕО


Ҷалби баъзе аз маҳбусон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина сабаб шудаааст, ки аксар зиндониён аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикону қирғизҳо, талош доранд, ба кишварҳои худ фиристода шаванд.

“Як гуруҳи калонро мебаранд”

Дар зиндонҳои Русия тақрибан ҳазор зодаи Қирғизистон нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳам мисли аксар маҳбусони дигар барои рафтан ба ҷанг таблиғ мешаванд.

Наздикони маҳбусон ҳоло аз тарс талош доранд, барои идомаи адои ҷазо онҳоро ба Қирғизистон интиқол диҳанд, вале раванди мушкили ҳуҷҷатнигорӣ корро сахт кардааст. Хабарнигори тарҳи “Мигрант Медиа”, як бахши Радиои Озодӣ, бо яке аз қирғизистониҳое суҳбат кард, ки дар зиндони Русия аст.

“Маро фиреб доданд, дар вақт ва ҷойи нодуруст афтодам. Бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудам,” – нақл кард ӯ.

Абай бояд 9 соли дигар дар зиндони Русия бимонад. Метарсад, ки ба ҷанги Украина бурда мешавад.Таблиғгарон аллакай ба маҳбаси онҳо ҳам рафта, баъзе зиндониёнро барои иштирок дар ҷанг ташвиқ кардаанд.

“Аллакай ду бор омаданд. Бори аввал хоҳишмандонро интихоб карда бурданд. Мо, қирғизҳо, дар ин ҷо ҳама сарҷамъ ҳастем. Онҳоеро, ки нияти рафтан доштанд, аз роҳ гардондем. Ба онҳо гуфтем, ки фикри оилаҳои худро кунед. Наздикиҳои баҳор як гурӯҳи калонро ба ҷанг мефиристанд. Мегӯянд, ин бор маҷбурӣ мебаранд,” – идома дод ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зиндониёни қирғиз аз ҷанги Украина метарсанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

“Қарор баромад, вале...”

Абай бо вакили мудофеъ ва наздиконаш талош дорад, аз Русия ба зиндони Қирғизистон бурда шавад. Тибқи қонун ӯ ҳақ дорад, идомаи муҳлати ҷазояшро дар кишвари худ адо кунад, аммо ба далели ихтилоф дар қарори додгоҳҳо ин кор тӯл мекашад.

“Муҳлати ҷазои маро дар Қирғизистон тағйир дода, 7,5 сол карданд. Дар онҷо маро дар зиндони низомаш умумӣ ҷой мекунанд, аммо инҷо дар маҳбаси низомаш сахт ҳастам. Адвокати хуб гирифтем. Дар ин кор таҷриба дорад. Ӯ тавонист, маҳбусонро ба Қирғизистон интиқол диҳад. Бо кумаки ӯ қарори мусбати додгоҳро ба даст овардам. Қарор моҳи декабр баромад. То ҳол интизори интиқол ба Қирғизистон ҳастам,” – афзуд Абай.

Алимкан, шаҳрванди дигари Қирғизистонро сарнавишти писари маҳбусаш нигарон кардааст. Метарсад, ки фарзандашро ба ҷанги Украина мефиристанд. Беш аз як сол боз барои интиқоли писараш аз зиндони Русия ба Қирғизистон талош дорад.

“Писарам соли 2020 барои кор ба Маскав рафт. Мехост, хона бихарад. Чун курйер ба кор даъват шуд, вале фиреб хӯрд. Ба зиндон афтид. Аз хешу табор пул қарз гирифта, як сол даводав кардам, то ӯро озод кунам. Наметавонистам, вакили дифоъ бигирам. Беш аз 3 сол боз дар боздошт аст. Ба 11 сол маҳкум ба зиндон шудааст,” – мегӯяд ӯ.

“Ашки чашми модаронро нарезонад”

Алимкан модари танҳо аст. Ягона умедаш дар оянда ба писараш аст. Ҳоло бояд фавран вакили дифоъ бигирад. Ин зан аз ҳукумати Қирғизистон кумак мехоҳад: “Аз ӯ хоҳиш мекунам, ба ҷанг наравад ва чунин пешниҳодҳоро қабул накунад. Аз президент ҳам мехоҳам, ашки чашми модаронро нарезонад. Бачаҳои моро ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Намедонам, ба куҷо муроҷиат кунам.”

Дар умум дар маҳбасҳои Русия беш аз 1000 зодаи Қирғизистон адои ҷазо мекунанд. Аксарият интизори иҷоза барои интиқол ба зиндон дар кишвари худ ҳастанд, вале дар бисёр маврид ин дархости онҳо рад мешавад.

Салтанат Митиева, тарҷумони мурофиаҳои додгоҳии қирғизистониҳо дар Маскав, гуфт: “Маҳбуси ҷавонеро, ки дар Тотористон маҳкум ба зиндон шуд, иҷозаи интиқол надоданд. Ӯро 9 сол зиндонӣ карданд. Дар Қирғизистон ҳам ба ӯ 9 сол доданд. Ӯ 7-уми декабр боздошт шудаву 23-юми март ҳукм гирифтааст. Додгоҳи олии Қирғизистон иштибоҳӣ навиштааст, ки мурофиаи додгоҳӣ 7-уми декабр доир шуд. Барои ҳамин, дархост рад шуд.”

Дар аввали моҳи марти соли гузашта намояндагони Қирғизистон бо садҳо зодаи ин кишвар дар маҳбасҳои Русия вохӯрданд. Ба онҳо имкони истирдод ба ватанро фаҳмонданд.

Ин дар ҳолест, ки дафъаҳои охир мавридҳои аз зиндон ба ҷанги Украина бурда шудани маҳбусон ҳарчӣ бештар мешавад. Аз аввали сол ҷасади 3 шаҳрванди Қирғизистонро ба ин кишвар овардаанд, ки дар зиндонҳои Русия буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG