Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гоҳе то нимаи шаб кор мекардем". Бозгашти наҷотбахшони тоҷик аз Туркия. АКС, ВИДЕО


Наҷотбахшони тоҷик. Фурудгоҳи Душанбе.
Наҷотбахшони тоҷик. Фурудгоҳи Душанбе.

Дастаи панҷоҳнафарии наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми феврал барои мадад ба осебдидагони заминларза ба Туркия рафта буданд, шаби гузашта ба ватан баргаштанд.

Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, наҷотдиҳандагони тоҷикро дар фурудгоҳи Истанбул намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва масъулони Вазорати корҳои хориҷии Туркия гусел мекарданд.

Дар Фурудгоҳи Душанбе наҷотдиҳандагонро бо шиорҳо ба забони туркию тоҷикӣ пешвоз гирифтанд. Дар ин шиорҳо, ки бештарашон бо забони туркӣ буд, аз ҷумла омада буд, "тоҷикон дӯстони беҳтарини мананд, чун вақте ман гиря кунам, онҳо намеханданд".

Ба пешвози наҷотдиҳандагони тоҷик, муовини нахуствазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва сафири Туркия дар Душанбе Умут Аҷар ҳам рафта буданд.

Сафири Туркия гуфт, "ин бегоҳ барои пешвоз гирифтани қаҳрамонон ба инҷо омадем. Инҳо то имрӯз қаҳрамонони Тоҷикистон буданд, акнун дар Туркия ҳам қаҳрамон ҳастанд. Туркия ва Тоҷикистон ду кишвари бародар ҳастанд. Ин ду кишварро то имрӯз чанд омил буд, ки бо ҳам пайваст мекард. Акнун бо омадани наҷотдиҳандаҳо, зиёда аз 50 сабаби дигар ба миён омад."

Умут Аҷар дар идома афзуд, Тоҷикистон ба Туркия даҳҳо тонна ёрии башардӯстона фиристодааст: "Тоҷикистон мисли тамоми дунё барои кӯмаки Туркия шитофт ва барои ҳамин намедонам чигуна сипосгузорӣ кунам".

Генерал-майор Сулаймон Исозода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва раҳбари ҳайати наҷотбахшони тоҷик дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, аз зери харобаҳо ҷасади зиёда аз 217 нафарро берун оварда, се касро зинда наҷот доданд.

Ӯ афзуд, дар ҳайати тими Тоҷикистон мутахассисони ботаҷриба, табибон ва равоншиносон шомил буданд. Ба гуфтаи Сулаймон Исозода, наҷотбахшони тоҷик асосан дар Қаҳрамонмараш, Ҳатай ва Ғозиёнтеппа дар амалиёти наҷоти осебдидагон иштирок доштанд.

Капитан Наҷибулло Каримов, яке аз наҷотбахшони тоҷик дар фурудгоҳ ба хабарнигорон достони сафари худро ба Туркия нақл кард. Ӯ гуфт, "муддати 11 шабонарӯзе, ки онҷо будем, барои пайдо кардани ҷабрдидагон аз зери харобаҳо машғул будем. Бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ва технологияҳои нав тавонистем 3 нафарро зинда аз зери харобаҳо берун орем. Инчунин зиёда аз 217 ҷасадро баровардем. Ва низ ашёи қиматбаҳоро бароварда, ба мақомоти дахлдор супоридем".

Ин наҷотдиҳандаи тоҷик дар бораи душвории амалиёти наҷот гуфт, биноҳои баландошёна фурӯ рафта буд ва эҳтимоли боз ҳам фурӯ рафтани онҳо вуҷуд дошт, аммо онҳо тавонистанд бо истифода аз таҷрибаи худ, аз уҳдаи вазифаашон бароянд. Ӯ мегӯяд, ки гурӯҳи 50-нафараи онҳо рӯзҳое буд, ки то соати 2-3 шаб кор кор мекарданд.

Наворро дар инҷо бинед:

Сафир наҷотбахшони тоҷикро қаҳрамон номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ширкати наҷотбахшони тоҷик дар рафъи пайомадҳои фалокат дар кишварҳои хориҷӣ бисёр кам дида мешуд. Генерал-майор Сулаймон Исозода, раҳбари ҳайати наҷотбахшони тоҷик ҳам гуфт, ки, "дар таърихи истиқлоли ҷумҳурии мо бори аввал аст, ки наҷотдиҳандагони мо аз марзи ҷумҳурӣ берун мебароянд".

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва вазири дифои Туркия Хулуси Акар чанд рӯз қабл ҳини боздид аз минтақаҳои зилзилазада, дар мулоқот бо наҷотбахшони тоҷик барои мададашон изҳори сипос карданд.

Зилзилаи шадид дар Туркия рӯзи 6-уми феврал боиси марги беш аз 40 ҳазор нафар шуд. Беш аз 4 ҳазор нафари дигар дар Сурия ҷони худро аз даст доданд. Ҳазорҳо тани дигар дар ин ду кишвар маҷруҳ шуда ё дар зери вайронаҳо монданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG