Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни имтиёзҳои Назарбоев. Паёмаш ба ҳокимони Осиёи Марказӣ чист?


Нурсултон Назарбоев, Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон. Арабистони Саудӣ, соли 2017
Нурсултон Назарбоев, Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон. Арабистони Саудӣ, соли 2017

Қудрати мутлақи шахсони аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шакл иваз мекунад, на муҳтаво.

Ба назар мерасад, нуфуз ва қудрати бе ҳадду марзи раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пас аз як соли эътирозҳо дар ин кишвар ҳадди ақал аз назари ҳуқуқӣ ба пойинтарин нуқтаи мумкин расидааст. Ба назари коршиносон, ӯ амалан дур аз пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Бо вуҷуди ин, сохтори сиёсии эҷодшуда барои ҳифзи имтиёзҳои Назарбоев ва атрофиёнаш, ки ба унвони роҳнамои ҳукуматҳои дигари худкома дар минтақа амал кардааст, он тавр, ки дар ибтидо интизор мерафт, пойдор набудааст.

Падарон дер ё зуд мераванд ва писарони заиф, ки ҳам аз назари шахсиятӣ ва моҳиятӣ омода нестанд, мумкин аст, натавонанд қудратро нигоҳ доранд.
Хайрулло Мирсаидов

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 15-уми феврал пешнависи қонунеро имзо кард, ки қонунро “Дар бораи президенти нахустин - Элбасӣ” бекор ва шахсони наздики ӯро аз масунияти пайгарди қонунӣ маҳрум мекунад.

Тибқи ин қонун ҳимояти молии якумраи раиси ҷумҳури собиқ Нурсултон Назарбоев барои таъмини амнияти ӯ ва аъзои хонаводааш низ бекор мешавад.

Порлумони Қазоқистон дар ибтидои имсол пас аз он ки додгоҳи конститутсионии ин кишвар қонун “Дар бораи президенти нахустин”-ро мутобиқ ба ҳамапурсии моҳи июни соли 2022 лағв кард, ки боис ба ҳазфи номи Назарбоев аз қонуни асосии Қазоқистон ва мақоми “Элбаси” ё “Пешвои миллат” шуд.

Ҳамин тавр, пешвои замоне билоивази Қазоқистон, ки лаҳни гароишҳои иқтидоргароёнаро дар Осиёи Марказӣ таъйин мекард, қоидатан назорати низомеро аз даст дод, ки муддатҳо барои ҳифзи мавқеи худ пас аз истеъфо ташкил дода буд.

“Назарбоевзудоӣ” ҳамчун пардапӯшӣ?

Аммо дар доираи коршиносии Қазоқистон бисёриҳо бар ин боваранд, ки маҳрумияти қонунии мақоми “Элбасӣ”-и Назарбоев амалан ба имтиёзҳо ва масунияти ӯ таъсире надорад.

Асилбек Бисенбоев, рӯзноманигор ва сиёстшиноси қазоқ ба Радиои Озодӣ чунин тасмимро ба самти дигар бурдани афкори умумӣ донист.

“Ин тасмим ба ҳеч ваҷҳ мавқеи раиси ҷумҳури пешинро тағйир намедиҳад, зеро ӯ мутобиқ ба қонун “Дар бораи президенти Ҷумҳурии Қазоқистон” аз 26-уми декабри соли 1995 дорои тамоми имтиёзҳо мебошад. Ин имтиёзҳо на танҳо ҳуқуқи бознишастагӣ, хадамоти тиббӣ ва хеле чизҳои дигарро таъмин мекунад, балки аз ҳама муҳимтар Назарбоевро аз ҷавобгарӣ барои аъмоли даврони раёсатҷумҳурияш эмин нигоҳ медорад. Ба ин тартиб, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон нуфузи худро нигоҳ медорад”, - мегӯяд Бисенбоев.

Димаш Алҷанов
Димаш Алҷанов

Димаш Алҷанов низ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ назари ба ин монанд изҳор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, бе баррасии фаъолиятҳои Назарбоев ба унвони раиси ҷумҳур ва аъзои хонаводаи вай лағви ин қонун як амри расмӣ аст.

“Ҳоло талоши Тоқаев бештар шабеҳи талош барои ҳазфи номи Назарбоев аз Қонуни асосӣ, қонунҳо ва дар канор гузоштани ӯ аз танқидҳо ва тамаркузи афкори умумӣ ба суботи низоми сиёсӣ, аз ҷумла қудрати худаш аст,” -- мегӯяд коршинос.

Ба бовари ӯ, бо шурӯи таҳқиқоти алайҳи Назарбоев Тоқаев худ ва низомашро, ки дар он суистифода аз қудрат ва фасод мушоҳида мешавад, дар хатар мегузорад.

Интиқоли қудрат

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Туркманистон ду бор интиқоли мусолиматомези қудрат иттифоқ уфтод.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор Бердимуҳаммадов

Бори аввал, соли 2006 ва пас аз марги раиси ҷумҳур Сафармурод Ниёзов, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов зимоми қудратро ба даст гирифт. Дар навбати худ Бердимуҳаммадов соли 2022 идораи ҳукуматро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов дод.

Дар Қирғизистон аввалин интиқоли мусолиматомез дар соли 2017 аз Алмосбек Отамбоев ба яке аз афроди наздик ба ӯ, Сооронбой Ҷээнбеков, гузашт. Пас аз чанд муддат миёни онҳо кашмакаш сар шуд ва дар натиҷаи он Отамбоев боздошт шуд. Ҷээнбеков соли 2020 ба истеъфо рафт.

Соли 2016, пас аз марги Ислом Каримов дар Узбекистон, фарди наздик ба ӯ Шавкат Мизиёев бо меросбари Каримов эълон кардани худ ба қудрат расид. Аммо Мирзиёев бар хилофи суннатҳои сиёсии Каримов даст ба эҷоди ислоҳоти либералӣ зад. Бо ин ҳол, коршиносон суҳбатро дар мавриди роҳандозии равандҳои демократӣ дар ин кишвар зудҳангом мешуморанд.

Наздикони Ислом Каримов нуфузи пешини худро аз даст доданд ва духтари калонии ӯ Гулнора Каримова ҳанӯз зиндонӣ аст.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ, муваффақияти шеваи интиқоли қудратро дар Туркманистон ва имкони иҷроии он дар Тоҷикистон ба тавоноии раҳбар дар анҷоми интиқол ба нафъи ворис дар замони зинда буданаш нисбат медиҳанд. Аммо, ба назари ӯ, ин шеваи интиқол ҳам хатарҳое дар пай дорад.

“Дар Туркманистон то замоне ки падараш зинда аст метавонад, ҳукумат кунад. Дар Тоҷикистон ҳам мехоҳанд, чунин тасмим бигиранд. Аммо падарон дер ё зуд мераванд ва писарони заиф, ки ҳам аз назари шахсиятӣ ва моҳиятӣ омода нестанд, мумкин аст, натавонанд қудратро нигоҳ доранд,” -- мегӯяд Хайруллоев.

Чашм ба сӯи Нурсултон

Нурсултон Назарбоеви 82-сола қудратро тӯли 30 сол дар Қазоқистон дар даст дошт. Фарзандон ва наздикони ӯ борҳо қаҳрамонони таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар робита ба фасод рабудани амволи давлатӣ буданд. Аммо қонуни соли 2000 “Дар бораи президенти якум” ва ислоҳу тағйири он, ки унвони “Элбасӣ”-ро барои Назарбоев арзонӣ дошт, маҳдудияти теъдоди давраҳои раёсатҷумҳуриро ҳазф кард, масунияти комил аз пайгарди қонуниро замонат дод ва як созукори қонунӣ барои интиқол қудрат эҷод кард.

Тарзи ҳукуматдории Назарбоев барои низомҳои монанд дар минтақа ҷолиби таваҷҷуҳ буд.

Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол боз дар қудрат аст
Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол боз дар қудрат аст

Пас аз 6 сол дар Тоҷикистон соли 2016 қонуни монанд “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул шуд. Ин қонун барои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ҳозираи Тоҷикистон масунияти якумрӣ ва ҳаққи бемаҳдуди номзадӣ барои раёсати ҷумҳурӣ дод.

Тасвиби ин қонун коршиносонро бар ин бовар расонд, ки низоми сиёсии Эмомалӣ Раҳмон гом ба гоми рафтори сиёсии Назарбоев мениҳад, ки ӯ изофа бар раиси ҷумҳур мансаби раиси Шӯрои амният низ дошт, ки ба унвони Элбасӣ (Пешвои миллат) онро то поёни умраш нигоҳ медошт.

“Раиси ҷумҳур Тоқаев ҳамчун меросбари Нурсултон Назарбоев давомдиҳандаи сиёсати ӯ аст ва мавқеи доираҳои раиси ҷумҳури пешинро дар иқтисоди кишвар ҳифз мекунад. Ҳамаи ин хоси низомҳои сиёсии Осиёи Марказӣ аст, ки ҷонишинии қудратро дар занҷираи хешовандӣ нигоҳ медоранд. Танҳо тафовути Қазоқистон дар ин аст, ки Тоқаев на меросбари хунии Назарбоев, балки меросбари сиёсии ӯ аст. Ба ҳамин далел аст, ки новобаста аз шиорҳои мардумсолорона набояд интизори қадамҳои воқеӣ барои сохтани як ҷомеаи воқеан одилона буд,” -- таъкид кард Асилбек Бисенбоев.

Интиқоли қудрат дар ҳеч кишвар як кишвари Осиёи марказӣ ба ҷуз аз Туркманистон мавқеи роҳбарони “ивазнашавандаро” нигоҳ надошт ва ҳамчунин оғози ислоҳоти демократӣ низ нашуд. Қоидатан танҳо суннатҳои иқтидоргароёна шаклу шеваи худро ҳифз карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG