Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд. Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.
"Як нон ва як коса хӯрок барои чор кас"
Ба нақли чанд муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон, даҳҳо маъмури интизомӣ рӯзи 21-уми феврал “камаш 52 нафарро” ба мошинҳо бор карда бурдаанд. “Ҳуҷҷати аксариятро гирифта, худашонро дар боздоштгоҳи пулис ҷой карданд,” – гуфт яке аз муҳоҷирон.
Ӯ (номаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст) иддао кард, ки онҳоро дар боздоштгоҳ дар шароити бад ва бо шиками гурусна чанд рӯз нигоҳ доштанд. “52 муҳоҷир дар утоқе шабро рӯз мекарданд, ки аслан барои 16 нафар пешбинӣ шуда буд. Як нон ва як коса хӯрокро бояд чор кас бо ҳам медиданд,” – илова кард ӯ.
Пулиси шаҳри Алмато рӯзи 27-уми феврали имсол дар сомонааш дар бораи амалиёти “Муҳоҷир” ва натиҷаҳои аввалини “назаррас” хабар дод.
Дар он гуфтаанд, дар давоми чаҳор рӯз 689 нафарро ба гуноҳи нақзи қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 83 нафарро аз кишвар ронданд. Навори чӣ гуна берун кардани зиёда аз 30 муҳоҷири тоҷику узбек аз ин кишвар низ дар ҳамин сомона нашр шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Аз ҷониби додситонӣ назорат мешавад"
Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани мавқеи пулиси Алмато дар робита ба шикояти муҳоҷирон бенатиҷа анҷом ёфт. Евгений Лисенко, корманди пешини хадамоти матбуоти пулиси Алмато, гуфт, “дар гузашта низ нисбат ба муҳоҷирон амалиёти густурда гузаронида мешуд”.
Ҳамсуҳбати мо ҷой доштани мавридҳои боздошт ва интиқоли беаососи муҳоҷиронро ба боздоштгоҳҳо ғайриимкон номид, чун ба гуфтааш, “ҳамаи ин раванд аз ҷониби додситонӣ шадидан назорат мешавад.”
Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бар асоси ҳисобҳои гуногун, дар ин кишвар аз 10 то 12 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунад.
Тафтиши муҳоҷирон дар Қазоқистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз аввали имсол шарти додани иҷозаи иқомат ба хориҷиён дар ин кишвар сахттар шуд.
Бар пояи тағйироте, ки 6-уми январ қабул шуд, хориҷиён бояд шиносномаеро пешниҳод кунанд, ки муҳлати эътибораш “на камтар аз 180 рӯз бошад”. Инчунин, барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ҳузури соҳиби хона ва ё ризояти нотариалии ӯ зарур аст.
Гуфтугӯ