Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев баъд аз ҳунарнамоии аввалин ва пирӯзияш дар созмони UFC ба Тоҷикистон баргашт. Хабарнигори Радиои Озодӣ ӯро дид ва дар бораи сабқаташ, мушкилиҳо, ҷоиза, ғорат ва нақшаҳои минбаъдааш пурсид.
Радиои Озодӣ: Баъзеҳо гуфтанд, дар вақти кам кардани вазн ба мушкил дучор шудед ва аҳволатон бад шудааст. То куҷо ҳақиқат дорад?
Нурулло Алиев: “Пеш аз рақобат 5-6 килои зиёдатӣ монда буд. Бояд вазнро дар рӯзи охир кам мекардем. 3 килоро шаб ва 3 килои боқимондаро саҳар кам кардем. Шукри Худо, аҳволам чандон бад нашуд. Худам либосҳоро пӯшида рафтам.”
Радиои Озодӣ: Ҳангоми санҷидани вазн каме хаста ба назар мерасидед...
Ман Нуруллои тоҷик ҳастам, дар ҳама ҷо худро ҳамин хел муаррифӣ мекунам. Ман на Ҳабиб ҳастам ва на худро ба ӯ монанд кардам.
Нурулло Алиев: “Каме не, хеле хаста мешавӣ. Вақте 15-16 килоро дар якуним-ду моҳ кам мекунӣ, бисёр хаста мешавӣ.”
Радиои Озодӣ: Рақиби шумо варзишгари ботаҷрибаи бразилӣ Рафаэл Алвес буд. Кӯшиш кардед, бештар ӯро ба замин афтонед ва дар замин бо ӯ биҷангед. Чаро ин гуна тактикаро пеш гирифтед?
Нурулло Алиев: “Барои онки Рафаэл Алвес яке аз нокаутёрҳо ва аз ҷанговароне аст, ки зарбаҳои дасту пояш вазнин ва хатарнок аст. Ҳамроҳи мураббиён ҳамин хел нақшаи ҷанг кашида будем, ки бояд дар замин ҳамроҳи ӯ муҳориба кунем. Таҷрибаи ӯ аз ман зиёд буд, барои ҳамин, нақшаи ҷангро дар замин кашида будем. Бо ин варзишгари бразилӣ рост истода ҷанг кардан хеле хатарзо буд.”
Радиои Озодӣ: Пурсидани маоши дигарон кори дуруст нест, вале дар бораи маблағи ба дастовардаатон аз аввалин муҳориба дар UFC баҳсҳо зиёд аст. Баъзе расонаҳо навиштанд, 28 ҳазор доллар гирифтед ва баъзеи дигар маблағро камтар нишон доданд. Аз рақобати аввал дар ташкилоти UFC чӣ қадар гирифтед?
Нурулло Алиев: “Дигаронро намедонам чанд пул мегиранд, вале якум рақобати ман 20 ҳазор доллар буд. Аз ин 30 дарсадаш андоз, 15 дарсад барои менеҷер ва 15 дарсади дигар ба толори варзишӣ. Барои худат баъд чӣ қадар маблағе монад, мегирӣ. Ташкилоти UFC барои 3-4 рақобати аввал ба касе пули калон намедиҳад.”
Радиои Озодӣ: Баъзе аз коршиносон ин маблағро ночиз ҳисоб мекунанд. Дар ҷараёни омодагиҳо ба рақобати аввалин чӣ қадар сарф кардед?
Нурулло Алиев: “Ба варзишгар вобаста аст, ки чӣ қадар корро ҷиддӣ мегирад. Ман дар ҳамаи тамринҳо ҷиддӣ кӯшиш мекунам, мураббиёни беҳтаринро ҷалб мекунам, ки харҷи калон дорад. Бародароне ҳастанд, ки дастгирӣ мекунанд ва ҳамчунин хонавода ба ман ёрӣ медиҳанд.”
Радиои Озодӣ: То ҳол сарпараст наёфтед?
Нурулло Алиев: “Сарпараст ҳаст. Даъват мекунанд, вале мехоҳам сарпарасти хубтаре биёбам. Бо ҳазору ду ҳазор не.”
Радиои Озодӣ: Барои лагери тамриниатон чӣ қадар харҷ кардед?
Нурулло Алиев: “Фақат як диетолог моҳона 10-12 ҳазор доллар мегирад. Кори ӯ омода кардани хӯрок ва кам кардани вазни ман аст. Ба ғайр аз ин боз 3-4 ҳазор доллар хона ба иҷора мегирӣ. Боз хӯрдан ва маблағи мураббиён аст. Масрафи зиёд аст.”
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Шуморо ба Ҳабиб Нурмагомедов, варзишгари маъруфи доғистонӣ, монанд мекунанд, ҳам ба чеҳра, ҳам ба тарзи рақобат ва ҳам рафторатон баъди эълони ғалаба. Як танқид ҳам садо медиҳад, ки бо рафторҳои монанд ба Ҳабиб Нурмагомедов дар зери сояи ӯ мемонед. Оё фикр намекунед, ки бояд худатон бошед, на монанд ба ягон варзишгари дигар?
Нурулло Алиев: “Худо туро ба як одами дигар монанд мекунад. Ман дигар кор надорам, ки ба ҳар кас гӯям, ман он нестам? Ман Нуруллои тоҷик ҳастам, дар ҳама ҷо худро ҳамин хел муаррифӣ мекунам. Ман на Ҳабиб ҳастам ва на худро ба ӯ монанд кардам. Байрақи Тоҷикистонро бардоштам ва дар ҳамаҷо на дар бораи худам, балки дар бораи ватанам суҳбат мекунам. Кӯшиш дорам, ватанамро шиносанд. Вақте ба Амрико рафтам, дар UFC пурсиданд, ки аз куҷо ҳастӣ, гуфтам аз Тоҷикистон. Мепурсиданд, ки Тоҷикистон чӣ аст? Гуфтам, як давлат аст. Агар аҳамият дода бошед дар мусоҳибаҳои калони баъди рақобат вақте дар бораи худам пурсиданд, ман дар бораи Тоҷикистон суҳбат кардам. Ҳамин суолро бисёриҳо медиҳанд, ки Нурулло чаро худро ба Ҳабиб монанд мекунӣ? Бори дигар мегӯям, худро ба касе монанд накардам. Ҳозир шуморо гӯянд, ки ба як ҳунарманди машҳур монандӣ ва дар ҳамаҷо ҳаминхел нависанд, ба ҳар як нафари онҳо даромада ҷавоб менависед, ки не ман монанд нестам? Вақте Ҳабиб Нурмагомедов бозӣ дошт, дар Душанбе мардум ба кӯчаҳо баромаданд, бояд мардумро чӣ гӯем?”
Радиои Озодӣ: Гуфтанд, баъд аз аввалин ғалаба дар Амрико шуморо дар Лас-Вегас ғорат кардаанд. Ин ҳодиса чӣ хел рух дод ва оё гумонбаронро ёфтанд?
Нурулло Алиев: “Вақте муҳлати меҳмонхона тамом шуд ва мо бояд онҷоро тарк мекардем, сумкаҳоро дар мошин гузоштем. Мошин дар таваққуфгоҳи меҳмонхона буд ва мо сумкаҳоро дохили он монда, барои харидани қаҳва ба дохили меҳмонхона даромадем. Аз байн 5-6 дақиқа гузашт ва қаҳва гирифта баромадем, ки тирезаҳои мошин шикаста ва сумкаҳоямон нест. Кормандони пулисро даъват карда, дурбинҳои назоратиро дидем. Дуздҳо омада, тирезаи мошинро шикаста, сумкаҳоро гирифтаанд. Гуфтанд, ки ҷустуҷӯ дорем, вале то ҳозир ягон хабар нест.”
Радиои Озодӣ: Барои баъзеҳо аҷиб буд, ки дар дохили он сумкаҳо чӣ буд?
Нурулло Алиев: “Дар дохили сумкаҳо либосҳои худамон ва мураббӣ, ноутбук, соат, телефон ва камтар маблағ буд. Шиносномаҳо дар дастамон буд.”
Радиои Озодӣ: Бо ташкилоти UFC барои 4 рақобат шартнома бастед. Боз кай нияти ба октагон баромадан доред?
Нурулло Алиев: “Моҳҳои июн-июл ният дорам, ки рақобат кунам. Моҳи октябр UFC ба Абу-Дабӣ бармегардад ва мехоҳам онҷо низ рақобат нишон диҳам. Яъне имсол нияти гузарондани ду бозии дигарро дорам.”
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба муҳорибаҳои омехта зиёд шудааст, аммо назарҳо ба он яксон нест. Баъзеҳо ин навъи варзишро барои рушди ҷисмонии ҷавонон муҳим медонанд, аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, рушди муҳорибаҳои омехта боис ба зиёдшавии занозанӣ миёни ҷавонон мешавад. Назари шумо чӣ аст?
Нурулло Алиев: “Хаёл мекунам, аз ҳама одами оромтарин варзишгарони муҳорибаҳои омехта ҳастанд. Ман дар Амрико ва давлатҳои дигари дунё мегардам, ММА онҷо хеле рушд ёфтааст. То ҳоло нафаҳмидам, ки дар давлатҳои дигар ягон варзишгари муҳорибаҳои омехта дар кӯчаҳо ҷангу ҷанҷол карда бошанд.”
Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, зарурати рушди муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон ҳаст?
Нурулло Алиев: “Инашро намедонам, ман якум шуда аз Тоҷикистон ба UFC рафтам. Баъди он ташкилот дид, ки мо мухлисони зиёд дорем. Фикр мекунам, то охири сол 4-5 варзишгар аз Тоҷикистон дар UFC баромад мекунанд. Фикр мекунам, рӯзҳои наздик Муин Ғафуров ҳам бояд бо UFC шартнома бандад.”
Радиои Озодӣ: Пас аз рақобат дар ташкилоти Dana White's Contender Series ба Дана Уайт, президенти UFC гуфта будед, ки ду сол баъд қаҳрамони ин ташкилот дар вазни сабук мешавед. Дар ин ҳарфи худ ҳоло ҳам устуворед ё нақшаҳо дигар шуданд?
Нурулло Алиев: “Сад дарсад, ҳамин мақсадро дорам.”
Гуфтугӯ