Муҳокимаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешин, ки бо ҳукми сафедаш маъруф шудааст, рӯ ба поён аст ва айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 9 соли зиндон талаб кардааст.
Саидаҳмадзода дар “Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”, “ғайриқонунӣ баровардани ҳукм”, “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “қаллобӣ” айбдор дониста мешавад. Худи ӯ ва вакилони дифоаш ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи Рустам Саидаҳмадзодаро ба даст оварданд.
Ба гуфтаи ду манбаи Радиои Озодӣ, додраси пешин дар оғоз ба панҷ иттиҳом, аз ҷумла "бисёрникоҳӣ", "дурӯғпароканӣ", "ғайриқонунӣ содир кардани ҳукм", "қаллобӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои химатӣ" муттаҳам мешуд. Аммо дертар муфаттишон, иттиҳоми бисёрникоҳиро аз парвандаи додраси пешин берун карданд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, далели мақомот дар иттиҳоми расондани хабари бардурӯғ, як муроҷиати Рустам Саидаҳмадзода ба раиси ҷумҳур аст.
“Саидаҳмадзода дар ин муроҷиат аз кори раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар тақсими парвандаҳо барои додрасҳо шикоят кардааст. Ӯ навишта буд, ки раиси додгоҳ барои худ ва дигар додрасҳо солона то 50-60 парвандаи ҷиноӣ ҷудо мекунад, аммо ба ӯ барои баррасӣ дар як сол фақат 9 парванда додааст. Талаби Рустам Саидаҳмадзода фақат ҳамин буд, ки як комиссияи босалоҳият масъаларо санҷад, вале дар асоси ин муроҷиат нисбаташ бо иттиҳоми "расондани хабари бардурӯғ" парванда кушоданд,”--фзуд манбаи Озодӣ.
Мақомот дар бораи парвандаи додраси пешин тақрибан суҳбат намекунанд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ зимни нишастҳои хабарӣ танҳо дар бораи иттиҳом ва баррасии парванда дар додгоҳ хабар дод, аммо ҷузъиёте ироа накарда буд.
Манобеи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфтанд, далели дигари мақомот алайҳи Рустам Саидаҳмазода бекор шудани чанд ҳукми содиркардаи ӯ аз тарафи зинаи болоии додгоҳ мебошад. Ба гуфтаи ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ, тафтишот гуфтааст, дар як сол 11 ҳукми додгоҳии Саидаҳмадзода аз тарафи Додгоҳи вилояти Суғд бекор шудаанд. Ин ҳукмҳо замони дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардани Рустами Саидаҳмазода содир шудаанд. Худи ӯ ин далелро рад карда гуфтааст, ҳукмро қонунӣ содир кардааст ва бекор шудани он салоҳияти зинаи болоии додгоҳ аст. Аз сӯи дигар вакилони дифои додраси пешин гуфтаанд, бекор шудани ҳукми додрас аз сӯи зинаи болоии додгоҳ ҷиноят нест.
Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми март барои гирифтани назари Додгоҳи Олӣ ба ин ниҳод муроҷиат кард ва мунтазири посух ҳастем. Парвандаи Рустам Саидаҳмазода аз сӯи додраси Додгоҳи олӣ Шодмон Ализода баррасӣ мешавад. Дар назар аст, ки рӯзи душанбеи 3-юми апрел Рустам Саидаҳмазода сухани охирини худро дар додгоҳ ироа кунад. Тибқи иттилои дарёфтӣ муҳокима дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад.
Саидаҳмазода моҳи июни соли гузашта боздошт шуд. Қазияи ӯ бинобар он пурсарусадо шуд, ки дар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми сафед хеле кам содир мекунанд, вале ӯ дар як иқдоми камсобиқа тоҷиреро "сафед" карда буд.
Соли 2020 додгоҳҳои кишвар 2 ва соли 2021 бошад, 10 ҳукми сафед содир кардаанд. Дар нимсолаи аввали соли гузашта додгоҳҳо ягон ҳукми сафед содир накардаанд.
Гуфтугӯ