Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фаврӣ ва бе ягон шарт". Аз ҳукумат озодии Холиқназаровро хостанд


Манучеҳр Холиқназаров
Манучеҳр Холиқназаров

Ҳафт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла International Partnership for Human Rights, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳуқуқдон Манучеҳр Холиқназаровро фаврӣ ва бе ягон шарт аз зиндон озод кунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2022 ӯро ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Худаш иттиҳомҳоро напазируфтааст.

Бриҷит Дюфур, мудири Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар, рӯзи 3-юми апрел дар баёнияе Манучеҳр Холиқназаровро ҳомии барҷастаи ҳуқуқи башар ва муборизи зидди беадолатӣ номид.

Вай гуфт, "зиндонӣ карданаш амали шармовар аст. Ҳар рӯзе, ки ӯ паси панҷара мегузаронад, баёнгари боз ҳам бадтар шудани вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон аст."

Манучеҳр Холиқназаровро дар моҳи майи соли 2022, дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон, дастгиру муҳокима карданд. Ӯ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд.

Моҳи ноябри соли 2021 ва баъд аз тазоҳуроти чоррӯза дар Хоруғ, ба “Комиссияи 44” пайваст. Аъзои Комиссия якҷо бо муфаттишони Додситонии кул марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд.

"Холиқназаров ва созмони зери раҳбарияш солҳои дароз барои эҷоди як минбари муколама миёни мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кор мекарданд," – гуфта шудааст дар баёния.

Гералд Стаберок, дабири кулли Созмони байнулмилалии зидди шиканҷа, ҳам гуфтааст, "Манучеҳр Холиқназаров ва ҳамкоронаш аз Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир солҳои дароз ба ҷабрдидагон мадад расонда, ба таври осоишта ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва дастрасиро ба адолат дар ВМКБ таъмин мекарданд."

Ӯ боздошту ҳукми Холиқназаровро "худсарона" номид ва аз мақомот хост, "ӯро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунанд".

Дар ҳоле ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомот озодии фаъолони Бадахшонро талаб карданд, Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ онҳоро “аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ” ном бурдааст.

Ҳафт созмон дар охир ҳукумати Тоҷикистонро барои пайи ҳам бастан ё маҳдуд кардани созмонҳои иҷтимоӣ низ танқид кардаанд. Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, мегӯяд, "мақомоти Тоҷикистон кӯшиши худро барои хомӯш кардани ҳама гуна садои танқидӣ дар кишвар идома медиҳанд.”

"Талаб мекунем, ба ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозат дода шавад, ки бемамониат кор кунанд ва мақомот иттиҳомоҳои қалбакиро алайҳи Холиқназаров ва ҳомиёни дигари ҳуқуқ бекор намоянд," – афзуд ӯ.

Мақомот ҳамвора танқидҳоро рад ва ҳадафашонро таъмини шаффофият дар кори созмонҳои иҷтимоӣ номидаанд, вале баҳои манфии созмону кишварҳо кам нашудааст.

Моҳи март дар як арзёбии байнулмилалӣ Тоҷикистонро дар қатори Туркманистон ва Чину Сурия "давлати пӯшида" номбар карданд. Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро давлати худкома номид. Дар ҳарду маврид саркӯби эътирозгарон, маҳдудияти озодиҳои бунёдӣ, боздошту ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон, фаъолони маданӣ ва ҳуқуқдонҳоро сабаб овардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG