Додгоҳи вилояти Суғд Самиҷон Турсунови 27-соларо аз шаҳри Истаравшан ба гуноҳи саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба 6 моҳ зиндон маҳкум кард.
Бино ба хабари дафтари матбуоти ҳукумати Истаравшан, Турсунов ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, моҳи июли соли 2021 аз муоинаи тиббӣ гузашт, вале дар охири моҳи сентябри ҳамон сол “бе ягон сабаб ба коммисариати низомӣ ҳозир нашуд”.
Аз ин пештар як ҷавони синни даъват дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои нарафтан ба артиш ба як сол зиндон маҳкум гардид.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷаримаи бузург ё то 2 сол аз озодӣ маҳрум мекунанд.
Ба омори Додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар соли 2022 барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ҷарима ё зиндонӣ шудаанд.
Гуфтугӯ