Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, кушта шудааст.
Ду манбаи аз ҳам ҷудо рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса шаби 27-уми апрел рӯй дод.
"Комрон Раҷабзода ҳангоми амалиёт аз ҷониби шахсони номаълум паронда шуд," -- гуфт як манбаи Радиои Озодӣ.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хабар доданд, ки дар як даргирии нерӯҳои давлатӣ ва қочоқбарон дар вилояти Бадахшон шаби гузашта як низомӣ кушта шудааст, аммо аз касе ном нагирифтанд.
Хабаргузори расмии "Ховар" навишт, ки "шаби гузашта гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар… хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми "Тишор"-и Отряди сарҳадии "Хоруғ" убур намуданд."
Ба иттилои расмӣ, қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор карда, се ҳамкори тоҷикистонии онҳо кушта шудаанд.
Гуфтугӯ