Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Лу: Кишварҳои Осиёи Марказӣ гапи Путинро нагирифтанд. ВИДЕО


Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ
Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ

Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар пайи як сафари худ дар Тоҷикистон ҳузур дошт, бо мақомоти ин кишвар мавзуи ҳуқуқи одамон ва озодии матбуот, ҳалли баҳсҳои марзӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву амниятиро матраҳ кардааст.

Дар пайи ин сафар Доналд Лу бо Радиои Озодӣ низ мусоҳибаи ихтисоси анҷом дода, дар бораи таҳаввулоти ахир дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷанги Русия дар Украина, ҳуқуқи инсон ва дар бораи нооромиҳои соли гузашта дар Бадахшон изҳори назар кард.

Доналд Лу: Ҳарчанд ман солҳои тулонӣ дар манотиқи дигари Осиёи Марказӣ зиндагӣ карда бошам, Тоҷикистон аз сафари нахустинам, ки 23 сол пеш буд, барои ман махсус аст. Дар инҷо як меҳрубонии беназир вуҷуд дорад. Ман ҳамчунин таом ва фарҳанги бойро дар Тоҷикистон дӯст медорам.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Доналд Лу: Кишварҳои Осиёи Марказӣ гапи Путинро нагирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:04 0:00

Радиои Озодӣ: Бо назардошти таҳаввулоти ахир дар Осиёи Марказӣ, минтақа, бахусус дар шароити кунунии ҷаҳонӣ, барои маъмурияти ИМА чӣ аҳамият дорад?

Доналд Лу: Албатта дар вақтҳои ахир ҳодисаҳои зиёд рух доданд. Махсусан ҳуҷуми Русия ба Укрина. Мо мебинем ки Владимир Путин зиёд кушиш кард, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор оварад, ки онҳо сарбозони худро ба Украина фиристанд, то дар онҷо биҷанганд. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ инро рад карданд. Русия ҳамчунин кушиш кард, он минтақаҳое ки забт кард, онҳоро як қисми Русия эътироф кунанд, аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ инро низ қабул накарданд. Русия талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро водор кунад, ки Украина як давлати мустақил нест, аммо то ҳол муваффақ нашудааст. Мо мебинем, ки аз ин вазъ мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ азият мекашанд. Нархи маҳсулоти хурокворӣ ва сузишворӣ гарон шуда истодааст. Мо кушиш мекунем, ки кумак расонем. Ҳоло мо мехоҳем, барои дастгирии иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ 50 миллион доллари амрикоӣ ва 16, 5 миллион доллари дигар барои таъмини бехатарии ғизо ҳамчун кумак пешниҳод кунем.

Радиои Озодӣ: Дар робита ба ҷанги идомаёфтаи Русия алайҳи Украина, маъмурияти ИМА барои хотима бахшидан ба низоъ ва ташвиқи Путин барои ҳалли мусолиматомез чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

Доналд Лу: Пеш аз ҳама ҳукумати ИМА бовар дорад, ки роҳи ягонаи ҳалли ин масъала, тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад. Аммо ин бояд сулҳи қавӣ ва давомнок бошад, на ин ки хотима бахшидани ҷанг барои муддати кутоҳ. Русия ба он шарте, ба хотима бахшидани ин ҷанг розӣ мешавад, ки Украина эътироф намояд, он қаламравҳое, ки Русия ғасб кардааст, аз Укрина нест. Аммо дар ин ҳолат сулҳ устувору давомнок нахоҳад буд. Мо кушиш дорем, ки ҳамаи шарикони мо бо Русия, аз ҷумла бо Путин, ҳамсуҳбат шуда, водор кунанд, ки ба гуфтушунид розӣ шавад ва ин мушкил бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шавад.

Радиои Озодӣ: Дар як соли ахир, ба назар мерасад, бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати хориҷии худро ба самти ҳамбастагии наздиктар бо Русия ва Чин тағйир додаанд, ки боиси нигаронии кишварҳои ғарбӣ шудааст. Маъмурияти ИМА аз ин тамоюл то чӣ андоза дар ташвиш аст ва барои мувозинати он чӣ чора мебинад?

Доналд Лу ҳангоми суҳбат бо Сарвинози Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ
Доналд Лу ҳангоми суҳбат бо Сарвинози Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ

Доналд Лу: Мо мехоҳем кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳама ҳамсояҳои худ муносибати хуб дошта бошанд. Ин ба ҳама ба Русия, Чин, Эрон ё кишварҳои дигар ҳам дахл дорад. Агар чунин бошад, мо нигарон намешавем, балки рақобат пайдо мешавад. Вақте рақобат пайдо шуд, дигар кишварҳо кушиш мекунанд, ки сармоягузории беҳтар кунанд, ки ин бисёр кори хуб аст. Мо низ мехоҳем ба таври шаффоф рақобат кунем.

Радиои Озодӣ: Оё ягон ташаббуси дипломатӣ ё иқтисодӣ аз ҷониби ИМА барои ҳамкории бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва амиқтар кардани ҳамкорӣ бо онҳо пешбинӣ шудааст? Афзалиятҳои чунин муносибатҳо бо афзалиятҳои минтақаҳои дигар чӣ гуна муқоиса карда мешаванд?

Доналд Лу: Ман аз Вашингтон омадам ва гуфта метавонам, ки барои ИМА Осиёи Марказӣ дар маркази диққат аст, зеро инҷо минтақаи стратегӣ аст ва имкониятҳои зиёде барои мо вуҷуд дорад. Мо мебинем, ки мардум ва ҳукумати ин кишварҳо ҳавасманди ҳамкорӣ бо ИМА ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, дар соҳаи иқтисоду амният ҳамкорӣ кунанд. Ҳамчунин мехоҳанд, ҳамкорӣ дар соҳаи демократияро рушд диҳанд. Ман ифтихор дорам, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кору фаъолият мекунам. Осиёи Марказӣ як минтақаи афзалиятнок барои мо аст.

Радиои Озодӣ: Баъд аз тасарруфи Толибон дар Афғонистон, нигарониҳо аз суботи минтақа зиёд шуд. Ба назари шумо, ин барои Тоҷикистон ва ҳамсоягони он чӣ таъсире дорад?

Доналд Лу: Ман ба ду таҳдиде, ки аз тарафи Афғонистон аст тамаркуз мекунам: Аввал ин албатта таҳдиди террористоне аст, ки дар он сӯи марз ҳузур доранд. Ҳангоме, ки қувваҳои мусаллаҳи Амрико аз хоки Афғонистон берун шуданд, президенти ИМА ваъда дод, ки имконият нахоҳанд дод, ки гурӯҳҳои террористӣ аз қаламравӣ Афғонистон ба кишарҳои ҳамсоя ҳамла кунанд. Таҳдиди дуюм низ ҷиддӣ аст: Ин вазъияти худи мардуми Афғонистон дар дохили кишварашон аст, ки рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Мо мебинем, ки Толибон бисёр қарорҳои бад содир мекунанд. Онҳо ба духтарон иҷозат намедиҳанд, ки ба мактабу донишгоҳ рафта таҳсил кунанд. Ба занон иҷозат дода намешавад дар корхонаҳое ғайридавлатие, ки кумаки башардӯстона пешниҳод менамоянд, кор кунанд. Ба занону духтарон иштирок дар чорабиниҳое, ки аз тарафи СММ баргузор мешавад, иҷозат намедиҳанд. Дар ҳоле ки ин созмонҳо кумакҳои башардӯстона мерасонанд ва онҳоро дастгирӣ мекунанд. Ман аз он нигарон ҳастам, ки агар вазъ бадтар шавад, теъдоди гурезагон зиёд мешавад. Онҳо маҷбуранд, ба қаламрави Тоҷикистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳ баранд. Мо аз Тоҷикистон хеле минатдор ҳастем, ки ба мардуми Афғонистон нерӯи барқ ва кумаки башардӯстона пешниҳод мекунад.

Радиои Озодӣ: Ба ҳайси ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, назари шумо дар бораи нооромиҳои соли гузашта дар Бадахшон ва чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон чӣ аст?

Доналд Лу: Соли гузашта вақте ки ман ба Тоҷикистон омада будам, нигаронии худро нисбат ба вазъияте, ки дар Бадахшон ба амал омада буд, изҳор кардам. То ҳол ҳам дар мулоқот бо кормандони мақомот нигаронии худро иброз медорем. Мо мегӯем, ки агар фаъолияти ғайриқонунӣ дар Бадахшон ё минтақаҳои дигар вуҷуд дошта бошад, бояд онро ба таври шаффоф ва қонунӣ, аз ҷумла тариқи додгоҳ, ҳал кунанд. Агар мақомот далели қонунвайронкунии журналистон ва нафарони дигаре, ки дар онҷо дастгир шуданд, надошта бошанд, набояд ба онҳо фишор оварда онҳоро ҳабс кунанд.

Радиои Озодӣ: Дар ин сафар бо мақомоти Тоҷикистон кадом мавзуҳоро матраҳ кардед?

Доналд Лу: Мо дар маҷмуъ панҷ банди мавзуҳоро матраҳ кардем. Якум, масъалаи ҳифзи ҳуқуқ, озодии сухан ва рӯзноманигороне, ки дастгир шудаанд. Дар мавриди баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон суҳбатҳо доштем ва ҳарду ҷонибро ташвиқ кардем, ки бо роҳи сулҳ ва дипломатӣ ин мушкилро ҳал кунанд. Дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва масоили Афғонистон ҳам гуфтугӯҳо доштем. Мулоқотҳои мо хеле хуб гузашт ва умедворам, натиҷаҳои хуб медиҳанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои матбуот дар Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед?

Доналд Лу
Доналд Лу

Доналд Лу: Он чизҳое, ки мо дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва озодии сухан бо ҷониби Тоҷикистон гуфтем, инро бо ҳамаи ҳукуматҳои кишварҳои дигар мегӯем. Эҳтиром нисбат ба ҳуқуқи инсон ва озодии сухан ду чизи муҳиме ҳаст, ки боиси сулҳу субот дар кишварҳо ҳастанд. Вақте ки мардум имкони озода сухан гуфтанро доранд, имкони рӯ овардани онҳо ба ифротгароӣ хеле кам аст. Онҳо фақат мехоҳанд суханашон шунида шавад. Ман аллакай таъкид кардам, ки ба Тоҷикистон 23 сол пеш омада будам. Ҳамчун шахси хориҷие, ки ба кишвари шумо омадам, баъд аз солҳо, пешравӣ хеле назаррас аст. Пойтахт аз назари иқтисодӣ хеле рушд кардааст. Ман рушди ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандиро эҳсос кардам, ки ин дастоварди муҳим аст. Бовар дорам, бо мурури замон вазъияти ҳуқуқи инсон ва озодии сухан боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон бо чолишҳои марбут ба ифротгароии исломӣ рӯбарӯ шудааст. Барои ҳалли ин масъала дар баробари ҳифзи озодиҳои шаҳрвандон чӣ чораҳо андешидан мумкин аст?

Доналд Лу: Тоҷикистон бо ду таҳдиди марбут ба ифротгароӣ дучор шуда истодааст: Аввал, Афғонистон мебошад, ки аз марзи он таҳдидҳо вуҷуд дорад ва Тоҷикистон бояд хеле қавӣ бошад. Ман боварӣ дорам, ки ИМА ва кишварҳои дигар ба Тоҷикистон кумак мекунанд, то марзи худро муҳофизат кунад. Дуюм, таҳдиди ифротгароӣ. Ин ифротгарое мебошад, ки аз дохили худи Тоҷикистон аст. Дар ИМА низ ин мушкил вуҷуд дорад. Ифротгароӣ дар дохили ҷомеа пайдо шуда боиси мушкилиҳои амниятӣ мешавад. Барои он ки ин мушкил ҳал шавад, бояд давлат шаҳрвандонашро бо ҷойи кор таъмин кунад, то ин ки онҳо ба ифротгароӣ ру наоранд ва вақти худро беҳуда сарф накунанд. Вақте ки мардум озодона ақидаи худро баланд карда метавонанд ва вақте ки шаҳрвандон овози худро доранд, онҳо ба ифротгароӣ руй намеоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG