Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, даъво дорад, ки як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр барои раҳоии ӯ аз ҷавобгарӣ "30 ҳазор доллар" хоста, ба номусаш "дастдарозӣ" кардааст. Муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ кард, аммо гуфт, "иддао асос надорад".
Мақомот ин занро ба иттиҳоми муомила бо доллар моҳи ноябри соли 2022 дастгир ва чаҳор сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ се кӯдак дорад ва иҷрои ҳукм то замони ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки хурдсолаш ба таъхир уфтод. Ҳоло кӯдак чаҳорсола аст.
Шаҳло Давлатова мегӯяд, ӯ аз ширкатҳои бинокорӣ дар Хуҷанд хонаи нав харида, пас аз ороишу рангубор дубора мефурӯхт, вале ҳеч вақт бо асъори хориҷӣ додугирифт накардааст. Мегӯяд, ӯро ҳангоми бозпас гирифтани 9 ҳазору 800 доллар қарзи додааш ба шаҳрванд Абдувалӣ Боқизода рӯзи 30-юми ноябри соли гузашта дастгир карданд ва мушкилоташ аз онҷо сарчашма мегирад.
Вай афзуд, бархилофи онки “иттиҳом дуруст набуд”, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд, Дилмурод Шодизода, барои қатъи парванда гуё 30 ҳазор доллар хостааст.
“Вақте гуфтам, дар боздоштгоҳ чӣ гуна маблағ ёбам, қарори тарк накардани ҷойи зистро бекор кард ва ман дар озодӣ будам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, 30 ҳазор долларро ёфта натавонистам. Як хонаи дуҳуҷраиро пешниҳод кардам, гуфт, ин овоза мешавад, беҳтараш нақд биёр,” – нақл кард ӯ рӯзи 15-уми май.
Дар ин бора дар номаи Шаҳло Давлатова ба номи раиси ҷумҳур ва мансабдорони дигари Тоҷикистон ошкоро гуфта шудааст.
Хонум Давлатова мегӯяд, баъдан барои додхоҳӣ ба Додситонии вилояти Суғд ариза навишт, вале пас аз огоҳии муфаттиш, баръакс, парвандааш “ғафстар” шуд.
“Иттиҳомҳои “Вайрон кардани дахлнопазирии манзил” ва “Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ”-ро низ ба гарданам бор карданд. Иҷоза намедоданд, ки бо вакили мудофеъ гап занам. Дилмурод Шодизода фишор меовард, ки барои сабукии парванда 30 ҳазор доллар диҳам. Баъд маро ба утоқи дарунии ҷои кораш бо зӯр дароварду дастдарозӣ кард,” – даъво кард ӯ.
Дилмурод Шодизода, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, рӯзи 15-уми май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, парвандаи Шаҳло Давлатоваро таҳқиқ кардааст, аммо гирифтани 30 ҳазор доллар ва дастдарозиро ба номуси ӯ рад кард.
"Бале, ин парвандаро тафтиш кардам. Дар мавриди маблағу таҷовуз ба номус, ин ҳама нодуруст аст. Агар факту далел дошта бошад, ба мақомот муроҷиат кунад, бигзор санҷиш гузаронанд, мо посух медиҳем. Ман барои дигар суолҳоятон вақт надорам, банд ҳастам ба таври хаттӣ ба Раёсат муроҷиат кунед, ҷавоб медиҳам," – гуфт ӯ рӯзи 15-уми май.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шаҳло Давлатоваро ба чаҳор сол зиндон маҳкум карда, ба пардохти 47 ҳазору 330 сомонӣ ҷарима вазифадор намудааст.
Шаҳло Давлатова рӯзи 13-уми май бо супоридани нома ба мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, талош дорад, ки “рафтори муфаттиш ва таҳқиру туҳмат дар ҷараёни тафтишот” баррасӣ шавад.
Дар солҳои охир дар идораҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд мавриди шиканҷаи гумонбарон сабт шудааст. Волидони як хонандаи мактаб дар Рашт моҳи апрели имсол иддао доранд, ки маъмурони милиса ӯро маҷбур кардаанд, "ё ба гуноҳ эътироф кунад" ва "ё шимашро бикашад".
Фаъолони ҳуқуқи башар ба унвони тавсияҳои асосӣ барои пешгирии шиканҷа ба зарурати риояи қонун барои боздоштшудагон, таҳияи саривақтии санадҳои онҳо, муоинаи тиббӣ ва ташхиси дақиқи тиббӣ дар сурати шикоят аз саломатӣ ишора мекунанд. Ба ҷуз ин, гуфта мешавад, иқрори гуноҳ зери шиканҷаву таҳдид набояд далел дониста шавад.
Гуфтугӯ