Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои 92-миллиондолларӣ ба Чин рафтааст


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Чин сафар кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Чин сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамвора барои нақзи ҳуқуқи мардум танқид мешавад, бо сафари давлатӣ ба Чин рафтааст.

Вай дар онҷо дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок хоҳад кард. Дар сафар ӯро раҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ доранд. Бар асоси аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Чин бо ҳавопаймое рафтааст, ки ба 92 миллион доллар аз Мексика харид. Ҳавопайморо рӯзи 5-уми май аз Амрико ба Душанбе оварданд.

Пойгоҳҳои вобаста ба гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Аврупо Раҳмонро барои харидани ҳавопаймо ва харҷи барзиёди он танқид карданд.

XS
SM
MD
LG