Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сафари Э.Раҳмон ва ҳамтоёнаш ба Чин чиро бояд интизор шуд? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон дар Чин, 16-уми майи 2023
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин, 16-уми майи 2023

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамвора барои нақзи ҳуқуқ ва маҳдуд кардани озодиҳои бунёдии мардум танқид мешавад, рӯзи 16-уми май бо сафари давлатӣ ба Чин рафт. Эмомалӣ Раҳмон дар онҷо дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок хоҳад кард.

Радиои Озодӣ аз Рафаэлло Пантучи, таҳлилгари масоили Чину Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Сингапур, пурсид, ки аз сафари давлатии Раҳмон ва ҳамтоёнаш аз минтақа ба Чин чиро бояд интизор шуд?

Рафаэлло Пантучи: “Маълум аст, ки Чин сармоягузори азимтарин дар Тоҷикистон аст. Дар худи Душанбе иморатҳои калоне ба мисли бинои ҳукумату порлумон бо пули Чин сохта мешаванд. Бале, Чин нақши муҳими иқтисодӣ мебозад, вале аз сӯи дигар набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон бисёр кишвари хурд аст, мизони додугирифт калон нест. Ба назари ман, дар умум, ҳамкориҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Пекин боз ҳам тақвият меёбанд. Бовар дорам, ки эълонҳои бисёр муҳими иқтисодӣ мешунавем. Ҷузъиёташро намедонам, аммо хабар дорам, ки чанд чизе дар навбат истодааст. Баъзе аз хабарҳои вобаста ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳам хоҳад буд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Интизороти шореҳи ғарбӣ аз мулоқоти раҳбарони Чину Осиёи Марказӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чӣ сатҳ аст?

Рафаэлло Пантучи: “Чанд тарҳи бузурге дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли иҷро аст: роҳи нави оҳан аз Қирғизистону Узбекистон; лӯлаи газ аз Туркманистон; сохтмони гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистон. Чанд лоиҳаи дигар, бовар дорам, бо Тоҷикистон ва Узбекистон идома доранд. Дар давраи пандемияи коронавирус дидем, ки омори ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ якбора поин омад, аммо дар семоҳаи аввали имсол рақамҳо боло рафтанд. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки Сӣ Ҷинпин эълонҳои муҳиме медиҳад, то рақамҳо дубора рӯ ба афзоиш биёранд.”

Радиои Озодӣ: Нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Чин дар шароити ҷанги идомадори Русия дар Украина ва то андозае суст шудани мавқеи Маскав барпо мешавад. Оё ин талоши Чин барои тақвияти нуфузаш бо истифода аз фурсат нест?

Рафаэлло Пантучи: “Ба назари ман, Чин ба мавқеи қавиаш дар ояндаи минтақа бовар дорад. Минтақа ҳам Чинро чун ояндаи иқтисодии худ медонад. Фикр намекунам, ки дар Чин дар бораи афзоиши нуфузи Русия ҳаросе дошта бошанд. Чизи муҳимтар ин аст, ки минтақа ба таври ошкоро нишон медиҳад, ки ба ғайр аз Маскав як интихоби дигаре ҳам дорад. Мо дар чанд соли охир дидем, ки Маскав бо як тарз мехост равобиташро бо минтақа ба намоиш гузорад ва ҳам як миқдор муваффақияташро дар ин ҷо нишон дод. Дидем, ки панҷ раиси ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол дар паради 9-уми май дар Маскав буданд. Соли гузашта ё ду сол пеш чунин нашуд. Танҳо Раҳмон ду сол пеш рафта буд. Аз ҷониби Русия мо мебинем, ки хоҳони ҳамкориҳои фарогир бо ин кишварҳо мебошад. Минтақаи Осиёи Марказӣ, ба бовари ман, бештар мехоҳад бо Чин ҳамкориву равобити наздиктар дошта бошад. Чин зарурате барои пур кардани холигоҳи эҷодшударо дар минтақа надорад. Ба назари ман, мавқеи Чин дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам аст. Дар асл, он чизе, ки мо дар ҷаласаи Путин ва Ҷинпин дар Маскав дидем, ин ҳамоҳангсозии сиёсаташон дар минтақа буд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG