Бонки осиёии сармоягузориҳои Чин дар бораи ҷудо кардани 500 миллион доллар барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон хабар додааст. Ҷин Лисун, президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои Чин гуфтааст, ки ин пул имтиёзнок аст.
Шарти додани ин маблағ ба Тоҷикистон маълум нест ва дар хабар шарҳ надодаанд, ки бо кадом имтиёз ин маблағ дода мешавад.
Ин ҳарф рӯзи 17-уми май ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Чин садо додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар сафари давлатиаш ба Чин бо сарвазир ва муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар низ мулоқот кард. Дар ин дидорҳо ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Хабаргузории давлатии "Синҳуа" менависад, дар мулоқот бо муовини президенти Чин Ҳан Жен раҳбари Тоҷикистон аз идомаи пешрафт дар равобити Тоҷикистону Чин ситоиш кардааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон сиёсати "Чини воҳид"-ро дастгирӣ мекунад.
Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, дар мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян аз “сатҳи сифатан нави” шарикии стратегии ду кишвар ситоиш шудааст. Дар хабар омадааст, ки додугирифтҳои тиҷоратии миёни Чину Тоҷикистон соли 2022 то 40 дарсад афзудааст. "Ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ” дар ин сӯҳбат чун зарурати ин ҳамкориҳо дар оянда таъкид шудааст.
Хабаргузории Рейтес таъкид кардааст, ки сафари президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Чин барои ширкат дар ҳамоиши Чину Осиёи Марказӣ аввалин бор ҳузурӣ барпо мешавад, чун ҷаласаи аввали он соли гузашта бо сабаби пандемияи Ковид-19 фосилавӣ барпо шуда буд. “Интизор меравад, ки президент Си Ҷинпин тавсеаи роҳҳои иртиботи иқтисодӣ ва амниятӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро баррасӣ мекунад, чун ин минтақаҳоро дар аҳди тамаркузи Русия ба ҷанги Украина ҳамчун манбаи захираҳои алтернативии сармоягузорӣ арзёбӣ мекунад,”-- навиштааст Рейтерс.
Ҳамоиши дурӯза қарор аст, рӯзи 18-уми май дар шаҳри Сиан шурӯъ шавад.
Адина Масалбекова, як муҳаққиқи Академияи САҲА дар Бишкек гуфтааст, дар ҳоле, ки 19-21-уми май дар Ҷопон "Гурӯҳи Ҳафтгона" ҷамъ мешавад, “Пекин мехоҳад гузинаи наверо дар назми ҷаҳонӣ пешбарӣ кунад ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ҳам водор бикунад, бигӯянд, ки барои онҳо ҳам ин назми ҷаҳонии нав қобили қабул аст.”
Нива Яу, як муҳаққиқи масоили Чини назди Шӯрои Атлантика гуфт, яке аз хабарҳо калон ин мешавад, ки роҳи маҳсулоти сохтаи Осиёи Марказӣ ба бозори Чин боз мешавад.
Чин се даҳсола пеш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард ва аз он замон то соли 2022 сармоягузории он ба ин панҷ кишвар ба нишондоди рекордии 70 миллиард доллар баробар шуд. Чин қарздиҳандаи азимтарии ду кишвари нодортарини минтақа – Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар меҳвари ҳамоиши Чин ва Осиёи Марказӣ аҳамияти афзояндаи тарҳи азими “Як камарбанд – як роҳ” қарор мегирад, ки даҳ сол пеш муаррифӣ шуд. Дар доираи ҳамин тарҳ ҳоло Чин бо Қирғизистону Узбекистон сохтани роҳи оҳан ва ҳам бо Туркманистон бунёди лӯлаи газро баррасӣ дорад. Феълан иттилое дар бораи эҳтимоли имзо кардани созишномаҳои наве бо Тоҷикистон дар даст нест.
Гуфтугӯ