Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли Давлатмурод дар "Сахарово". Чаро муҳоҷиронро дар Русия бе муҳокима дар боздошт нигоҳ медоранд? ВИДЕО


Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, баъди таваҷҷӯҳи Радиои Озодӣ ба қазияи ӯ, рӯзи 25-уми май қарори ихроҷаш аз сӯи додгоҳе дар Русия содир шуд.

Давлатмурод Салимови 28-сола чанд рӯзи пеш ба Радиои Озодӣ муроҷиат ва аз он шикоят карда буд, ки тӯли як сол мешавад дар боздоштгоҳи муваққатии “Сахарово” аст . Ӯ гуфт, санадҳояшро дар Русия гум карда буд ва моҳи июни соли гузашта ҳангоми як тафтиши пулиси Русия аз тарси он ки ихроҷ мешавад, ному насабашро дигар гуфт.

Ӯро боздошт ва ба маркази нигаҳдории муваққатии “Сахарово”дар вилояти Маскав бурдан. Як сол мешавад ӯро на ба Тоҷикистон хориҷ ва на раҳо мекунанд. Ба қавли Давлатмурод, дар ин муддат ӯ борҳо ба сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кард.

”Ман аз 27-уми июни соли 2022 дар боздоштгоҳ ҳастам. Ба инспекторҳо низ муроҷиатнома навиштам, вале ҳеҷ кас ба додам намерасад. Вақте намояндагони диаспора омада буданд, вазъиятро фаҳмондам. Ваъда доданд ки кӯмак мекунанд, аммо бо ҳамин дигар фаромӯш шуд. Вақте ба консулгарӣ занг мезанам, тарзи гап заданашон тамоман дигар аст”, гуфта буд Давлтамурод. Радиои Озодӣ барои равшанӣ андохтан ба қазияи ин муҳоҷир рӯзи 23-юми май ба сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нома муроҷиат кард.

Ин ниҳод рӯзи 26-уми май дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки аз қазияи Давлатмурод Салимов огоҳ буда, барои баргардонидани ӯ ба ватан талош дорад. Давлатмурод Салимов мегӯяд, баъди таваҷҷӯҳи Радиои Озодӣ ба қазияи ӯ рӯзи 25-уми май билохира муҳокимаи додгоҳиаш сурат гирифтаву қарори хориҷ шуданаш ҳам содир шуд. “Бароям ваъда доданд, ки баъди 10-15 рӯз ба Тоҷикистон фиристода мешавам”, - хабар дод Давлтамурод.

Муҳоҷири тоҷик бо ёрии Радиои Озодӣ аз боздошт раҳо ва ба ватан бармегардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Ҳодисаҳои боздоштҳои тӯлонӣ ва бидуни муҳокимаву дастрасӣ ба ҳуқуқшиноси муҳоҷирони тоҷик нав нест. Русияро ҳомиёни ҳуқуқ барои поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бисёр танқид мекунанд.

Вале падидаи дигаре, ки дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи Русия алайҳи Украина ва талоши мақомоти ин кишвар ба пур кардани сафи артиш аз ҳисоби хориҷиҳо, аз ҷумла, муҳоҷирони тоҷик интиқод мешавад, ҳамлаҳои ташкилшудаи сохторҳои қудратӣ ба муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар нуқтаҳои мухталифи Русия мебошад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 25 рӯз аст дар як боздоштгоҳи муввақатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, гуфт, ҳамарӯза ба ин боздоштгоҳ аз 5 то 10 муҳоҷирро меоранд, ки дар кадом ҷурме гунаҳгор шудаанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки нахост номаш нашр шавад, “бештарашон тоҷикон мебошанд”. Аз рӯи ҳисоби ӯ ҳоло дар ин марказ тақрибан 70 зодаи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Дар боздоштгоҳҳои муваққатии вилояти Свердловски Русия низ дар ин авохир шумора боздоштшудаҳо аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик зиёд шудааст. Ёқубҷон Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯяд, пайваста аз аҳволи боздоштшудаҳо хабар мегиранд.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳафтаи гузашта шумораи муҳоҷирони боздоштшуда афзуд. Аз рӯзи душанбе мунтазам шаҳрвандонро ба ватан фиристода истодаем. Дар рӯзҳои корӣ ҳамарӯза ба Тоҷикистон парвоз анҷом мешаванд. Ҳамин саҳар ман пурсидам, 104 шаҳрванди мо дар боздоштгоҳҳо қарор доранд. Мо пайваста бо ниҳодҳое, ки доир ба интиқоли шаҳрвандони мо сару кор доранд, дар иртибот ҳастем”.

Масъалаи боздошти муҳоҷирон дар Русия, ки бахши аъзамашон барои нақзи мураққароти буду боши ин кишвар дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон ихроҷ мешаванд, аз мавзӯъҳои дарднок аст. Дар чанд соли охир наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд. Муҳоҷирони тоҷик аксаран бо ирсоли аксу навор аз боздоштҳои беасос ва шароити бади нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳҳои Русия шикоят ва мақомоти Тоҷикистонро барои ҳимоят накардан аз онҳо танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG