Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Туркия шоми 28-уми май ба поён расид.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури феълӣ, дар як суханронӣ дар миёни ҳаводоронаш дар Истанбул эъломи пирӯзӣ кард.
Ӯ бо қадрдонӣ аз мардуми Туркия барои иштирок дар интихобот гуфт, "онҳо ба мо масъулият доданд, ки барои панҷ соли дигар дар қудрат бошем."
Номзади мухолифон Камол Қиличдороғулу ин давр аз интихоботро "ноодилонатарин тайи солҳои гузашта" хонд ва эълон кард, ки ба муборизаи худ алайҳи давлати Эрдуғон идома хоҳад дод.
Вай бо ишора ба касби наздик ба 48 дарсади оро дар даври дувуми интихоботи президентӣ гуфт, ин мавзуъ нишон медиҳад, ки мардуми Туркия хоҳони тағйири давлат ҳастанд. Қиличдороғулу ҳамчунин нисбат ба "мушкилоте, ки дар интизори Туркия аст", ҳушдор дод.
Дар ҳамин ҳол, дар пайи эъломи пирӯзии Эрдуғон лири Туркия бори дигари миқдоре аз арзиши худро аз даст дод.
Натиҷаҳои расмии интихобот ҳанӯз эълон нашудааст, аммо расонаҳои Туркия гузориш доданд, ки Эрдуғон бо касби беш аз 26 миллион рой то кунун 52.4 дарсади ороро аз они худ карда, Камол Қиличдороғулу бо касби 23.8 миллион рой 47.7 дарсади ороро ба даст овардааст.
Бо ин ҳол телевизиону хабаргузориҳои Туркия дар соатҳои гузашта ҳар кадом омори гуногунро эълон карданд. Расонаҳои наздик ба Эрдуғон ва ҳизби ҳоким раиси ҷумҳури феълиро пештоз муаррифӣ карданд. Дар ҳоле ки расонаҳои мухолифон Қиличдороғлуро барандаи натиҷаҳои аввалияи интихобот донистанд.
Эрдуғон, ки 69 сол дорад, дар бист соли гузашта раҳбарии Туркияро дар мақоми нахуствазир ва раиси ҷумҳурӣ дар даст доштааст. Дар сурати тасдиқи пирӯзияш то соли 2028 дар қудрат хоҳад монд.
Гуфтугӯ