Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Лавров гуфтаанд, Русия ҳуқуқи муҳоҷиронро риоя кунад


Сироҷиддини Муҳриддин ва Сергей Лавров
Сироҷиддини Муҳриддин ва Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузоштааст. Вохӯрӣ рӯзи 6-уми июн дар Душанбе гузашт.

Тақрибан се ҳафта боз тафтишу боздошт, ҷарима ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст.

Сироҷиддини Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, бахши асосии мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров вобаста ба муҳоҷирон буд. Вай афзуд, аз ҷониби Русия хостаанд, дар ҷараёни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бо муҳоҷирон тибқи қонун бархӯрд шуда, ҳуқуқу озодиҳои бунёдии онҳо поймол нагардад.

"Дар рафти гуфтугӯ ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши муҳоҷират муфассал баррасӣ кардем. Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба эътидол овардани равандҳои муҳоҷират қайд кард, ки санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бояд бо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони мо дар Русия анҷом шаванд. Дар ин замина аз тариқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҷониби Русия муроҷиати расмӣ фиристода ва дархост карда шуд, ки қонунӣ ва қобили қабул будани ингуна бархӯрдро бо шаҳрвандони мо санҷанд," -- гуфт вазири тоҷик.

Сергей Лавров рӯзи 5-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, мулоқотро бо низомиёни пойгоҳи 201-ум шуруъ кард ва дар онҷо дар бораи ҷанг дар Украина гуфт. Ӯ рӯзи 6-уми июн ҳангоми суҳбат дар ҳузури хабарнигорон афви муҳоҷиронро дар ду соли пеш ёдрас намуд.

Лавров гуфт, Русия он вақт чанд ҳазор муҳоҷири тоҷикро, ки барои нақзи қонунҳои будубош ихроҷ шуда буданд, “бахшид”.

Мақомоти пулиси Русия дар моҳи майи имсол садҳо муҳоҷири тоҷикро боздошту латукӯб карданд ва қарори ихроҷи даҳҳо нафари онҳо низ баромад.

Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия гуфтанд, ки нерӯҳои вижа зиёда аз сад нафари онҳоро бераҳмона латукӯб ва шиканҷа карданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, амалиёти зидди муҳоҷирон бар асоси шикояти сокинони Котелникии Маскав ду ҳафта идома карду ба поён расид, вале муҳоҷирон ҳар рӯз бо фиристодани аксу навор мегӯянд, тафтиши онҳо дар роҳу тарабхонаҳо ва ҷойи кору дохили мусофирбарҳо афзудааст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ дар кишвар ба Русия мераванд. Бахше аз онҳо шиносномаи Русияро гирифта, аз имтиёзҳо баҳраваранд. Дигарон ба гуноҳи надоштани иҷозаи кор ё набудани сабти иқомат гоҳ-гоҳе боздошту ҷарима ё ронда мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG