“Гуфтед, 18-сола ҳастем ва худамон медонем”
Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки теъдоди занони муҳоҷири корӣ дар муқоиса ба мардон бештар аст ва бисёре аз онҳо камтар аз 20 сол доранд. Ҳоло теъдоде аз сиёсатмадорони ин кишвари пойбанди пули муҳоҷирони корӣ мехоҳанд, сафари духтарони ҷавон ва бешавҳар ба хориҷ маҳдуд карда шавад. Далели сиёсатмадорон ин аст, ки духтарон дар хориҷ истисмор мешаванд ва ҳамчун муҳоҷири корӣ сахтии зиёд мекашанд.
Нодира Норматова, яке аз вакилони муҳофизакори қирғиз, моҳи гузашта пешниҳод кард, ба духтароне, ки синнашон ба 23 нарасидаст, иҷоза надиҳанд, ки барои кор ба хориҷ бираванд. Ӯ рӯзи 24-уми май ҳангоми мубоҳисае дар бораи занону муҳоҷират мардонеро сахт танқид кард, ки ҳамсар ё духтарони хешро ба муҳоҷирати корӣ мефиристанду худашон дар хона мемонанд.
Шайлобек Атазов, вакили дигари муҳофизакор, рӯзи 26-уми май дар порлумони Қирғизистон гуфт, занони ҷавоне, ки ба хориҷ мераванд, бояд ба мақомот хабар бидиҳанду бигӯянд, ки ба кадом кишвар ва чаро мераванд. Атазовро соли гузашта барои айни пешниҳодаш сахт танқид карда буданд, чун гуфт, ба духтарони то 23-сола иҷоза надиҳанд, бидуни ҳамроҳии падар ва ё модар ба хориҷ сафар кунанд.
Пешниҳоди ӯ сабаби эътирози фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи занон шуд, ки мегуфтанд, чунин коре ҳаққи занонро поймол мекунанд ва аз Атазов ҳам хостанд, истеъфо бидиҳад. Ӯ рӯзи 26-уми май бо ишора ба тазоҳуроти соли гузашта гуфт: “Вақте мо гуфтем, ки бояд мувозиби амнияти духтарони 18-сола бошем, шумо доманҳои кӯтоҳ ба бар ба порлумон омада, эътироз кардед ва гуфтед, ки мо 18-сола ҳастем ва худамон медонем, куҷо меравем.”
Занони ноновар
Даъватҳои нав шабеҳи пешниҳоди ҷанҷолбарангези Иргал Қодиралиева, вакили мардумӣ аст, ки 10 сол пеш гуфт, ба духтарони то 23-сола ҳақ надиҳанд, ки бе иҷозаи мақомот ва ё бидуни ҳамроҳии волидон ба хориҷ сафар кунанд. Ӯ гуфта буд, ба заноне, ки пешниҳоди мушаххаси кор дар хориҷро доранд, иҷозаи сафар дода шавад, аммо ба онҳое, ки надоранд, не. Иргал Қодиралиева гуфт, ҳадафи пешниҳодаш роҳ надодан ба суистифодаи ҷинсии духтарон ва қочоқи инсон аст.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 30-юми май дар посух ба даъватҳои Атазов ва Норматова гуфт, маҳдуд кардани сафари занон мухолифи Қонуни асосӣ аст. Ба қавли вазорат, мақомот роҳҳои таъмини ҳуқуқ ва амнияти муҳоҷирони кориро ҷустуҷӯ мекунанд.
Мисли ҳамсоягони дигараш Тоҷикистону Узбекистон, бисёре аз хонаводаҳои Қирғизистони камбизоат ҳастанд ва аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекунанд, ки теъдоди онҳо бино ба тахминҳо ба 1.5 миллион нафар мерасад.
Худойберган Бозорбоев, вазири кор ва муҳоҷирати Қирғизистон, соли гузашта гуфт, теъдоди занони муҳоҷири корӣ аз соли 2014 башиддат зиёд шудааст. Бино ба омори тахминӣ тақрибан 14 дарсади занони қирғиз, ки дар хориҷа кор мекунанд, 20-сола ҳам нестанд.
Бештар аз 30 ҳазор муҳоҷири кории қирғиз, ки дар Туркия кор мекунанд, занон ҳастанд. Бисёре аз онҳо дар меҳмонхона, мағоза, хонаҳои хусусӣ ба ҳайси фаррош, парастор ва ё кӯдакбон кор мекунанд.
“Дар ватан ҷойи кор офаред”
Каникей, як муҳоҷири кории қирғиз, ки дар шаҳри Сургути Русия кор мекунад, гуфт, пешниҳод барои “манъи сафар”-и занон монеи тарки Қирғизистон ва ҷустуҷӯи кор намешавад. Ӯ, ки 28-сола аст, мегӯяд: “Мо дар хориҷ ҷойи кор меҷӯем, чун дар ватан интихоби беҳтар надорем.”
Каникей дар 18-солагиаш Қирғизистонро тарк карда, ба назди холааш рафтааст, ки дар Русия зиндагӣ мекунад. Падараш баъд аз маҷруҳ шудан дар ҷойи кор дигар имкони кори доимиро надоштааст.
Аввалин кори Каникей фаррошӣ ва поккории чанде аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар Русия будааст. Ӯ аз ҳисоби музди кораш моҳона ба падару модараш тақрибан 150 доллар мефиристод, ҳоло дар фурӯшгоҳи бузурге кор ва молу маҳсулотро дар рафҳои он ҷобаҷо мекунад.
Ӯ мегӯяд: “Намедонам, сиёсатмадорони мо дар бораи занони ҷавон чӣ фикр мекунанд, вале ман мебинам, ки занони қирғизе, ки инҷо кор мекунанд, мардуми шоиста ва сахткӯш ҳастанд, ки фақат мехоҳанд, ба хонаводаҳои худ кумак кунанд.”
Каникей, ки бо марди қирғизе издивоҷ кардааст, афзуд: “Фақат мехостам, волидони ману хоҳару бародаронам нон харида тавонанд. Ман маҳз барои ҳамин ба Русия омадам.”
Ба қавли Каникей, агар дар Қирғизистон имконоту кори дуруст вуҷуд медошт, бисёре аз муҳоҷирон ба хонаҳояшон бармегаштанд.
Гуфтугӯ