Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Раҳмон гуфтааст, дар Тоҷикистон дузанагӣ ба назар мерасад


Озода Раҳмон
Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроия ва духтари президенти Тоҷикистон, эътироф кардааст, ки бо вуҷуди манъи бисёрзанӣ дар кишвар “дузанагӣ ва бисёрзанӣ” ба назар мерасад. Ӯ дар ин бора дар як мақолаи таҳлилӣ дар бораи ҳуқуқу озодиҳои занон навиштааст.

Дар мақола, ки маҷаллаи “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” нашр кард, Озода Раҳмон гуфтааст, “аз ҷумлаи сабабҳои розӣ шудани занон ба ин навъи зиндагӣ, паст будани дараҷаи маърифат ва фарҳанги ҳуқуқӣ, муҳоҷирати корӣ, соҳиби касбу ихтисос набудани занон аст.”

Озода Раҳмон докторанти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ будааст. Ӯ дар мақолааш гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон боло бурдани мақоми занро дар ҷомеа аз аввал дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дод.

“Аз инҷост, ки дар Тоҷикистон мавқеи зан баланд гардида, онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд,” – афзудааст ӯ.

Тибқи омори Вазорати адлия, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон 222 нафарро барои издивоҷ бо ду зан ва ё ҳатто бештар аз он ҷазо додаанд.

Дар Тоҷикистон бисёрзанӣ манъ аст ва дар моддаи 170-уми Кодекси ҷиноӣ барои он аз 68000 то 136000 сомонӣ ҷарима ё то 5 сол зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG