Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон як афсари Вазорати корҳои дохилиро дар сарҳад бо Афғонистон захмӣ карда, ду корманди дигари ин ниҳодро дар назди як махфигоҳи маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Моҷаро миёни кормандони ду ниҳоди қудратии Тоҷикистон соати 1-и шаби 6-уми апрел дар наздикии роҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ноҳияи Дарвоз рух додааст. Мақомот ҳодисаро шарҳ надоданд. Манобеи Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ карда, онро “як нофаҳмии калон” номиданд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “се корманди Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ВКД бо ҳадафи анҷоми амалиёт дар марз бо Афғонистон қарор доштанд ва марзбонон онҳоро кочоқчӣ гумон карда, ба сӯяшон оташ кушодаанд.”
Майор Д.М., корманди ВКД аз пой ва шикамаш захмӣ шуда, дар бемористони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бистарӣ аст. Сарҳанг ё полковник Ф.Ш. ва подполковник Н.Қ. дастгир шуда, ба боздоштгоҳи КДАМ ба Душанбе интиқол ёфтаанд.
Кормандони ВКД ба тафтишот нақл кардаанд, ки онҳо аз пайдо шудани як махфигоҳи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон хабар гирифта, барои пайдо кардани он рафта буданд, вале аз сӯи марзбонон тирборон шуданд.
Марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтаанд, онҳо хабар дарёфт карда буданд, ки дар ин минтақа миёни кочоқбарон додугирифт хоҳад шуд, вале онҳо намедонистанд, ки як тараф кормандони ВКД ҳастанд.
“Онҳо ба мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, шабона мошини "Мерседес Бенс"-и ношиносро дар нуқтаи мамнӯи марзӣ дида, хостанд, ки онро тафтиш кунанд, вале итоат накарданд. Марзбонон гуфтаанд, ки ҳеч ниҳоде бе мувофиқа бо КДАМ ҳаққи анҷоми амалиёт дар марзро надорад, аз ин рӯ, онҳо аз рӯи қонун амал кардаанд,” – гуфт манбаи огоҳи Радиои Озодӣ. Ба далели амниятӣ аз ӯ ном бурда намешавад.
Ҳодисаро Додситонии низомии Тоҷикистон тафтиш дорад ва КДАМ ду корманди боздоштшудаи ВКД-ро раҳо накардааст.
Ин ҳодиса дар маҳаллае рух додааст, ки онро як роҳи кочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон медонанд. Дар ин минтақа борҳо миёни марзбонон ва кочоқбарон задухӯрд сурат гирифтааст, вале боздошту захмӣ шудани кормандони ВКД бесобиқа аст.
Марзи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо Афғонистон аз қитъаҳое дониста мешавад, ки назорати он сахт буда, роҳу пайроҳаҳои душворгузари зиёд дорад.