Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба додгоҳи ҷаҳонӣ шикоят бурдаанд


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст ва даҳҳо узви собиқаш дар зиндонҳо ҳастанд, ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони дигар ба Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC) шикоят кардааст.

Масъулони ҳизб рӯзи 11-уми апрел гуфтанд, ки даъво аз тақрибан 250 саҳифа иборат аст ва дар чаҳор сол омода шуд. Дар таҳия ва пешниҳоди даъво созмонҳои Freedom for Eurasia ва Ukrainian Fund for International Volunteers саҳм гирифтаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “вакилони мо шикоятро дирӯз ба таври расмӣ ба Додгоҳи Байнулмилалӣ фиристоданд.”

Вакил Николас Лигнул дар шабакаи иҷтимоии LinkedIn пешниҳоди даъворо тасдиқ карда, навишт, “сукут дигар илоҷи кор нест”.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар Ҳейг (Гаага) ҳанӯз нагуфтааст, ки чунин шикоятро дастрас кард ё не.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

“Бештар аз ҳазор саҳифа факту мавод, далелҳои видеоӣ, садоӣ ва хатӣ ҷамъоварӣ шуд. Даъвои асосии мо ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2011 то 2024 ҷиноятҳои зидди башарӣ содир кардааст: куштор, гаравгонгирии хешутабори мухолифон, мусодираи ғайриқонунии амвол, ҳабси ғайриқонунӣ ва аз шиканҷаву таҷовуз то фишори маънавӣ ва равонӣ,” -- гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ афзуд, “вакилони мо баъд аз омӯхтани далелҳо ба ин натиҷа расиданд, ки онҳо хеле қавӣ ҳастанд. Вале боз ҳам бояд мунтазир шуд, ки Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ин санадҳоро биомӯзад ва тасмими ниҳоии худро бигирад, ки оё парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард ё не.”

Ҳукумати Тоҷикистон ба даъвои ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ вокуниш накардааст.

Зиёда аз 120 кишвар узви Асосномаи Рими Додгоҳи Байнулмилалӣ ҳастанд. Аз миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ кишварҳои Балтик, Гурҷистон ва Тоҷикистон санади шомил шудан ба узвияти додгоҳро ба тасвиб расондаанд.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар соли 2023 нисбат ба президенти Русия Владимир Путин ва дар соли 2024 алайҳи сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу парванда кушод ва дастури боздошти онҳоро содир кард. Мақомоти ҳарду кишвар қарори додгоҳро ноодилона хонданд.

Путин дар ин муддат ба чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон сафар кард. Нетаянҳу аз Амрико ва Маҷористон (Венгрия) боздид намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба саркӯби дигарандешон, боздошту ҳабси мунтақидон, хабарнигорон, фаъолони маданӣ ва вакилони мудофеъ, азияти хешовандони мухолифон, парвандаҳои сохта, шиканҷа ва фасоди густурда танқид мешавад. Мақомот ҳамеша ин иддаоро рад карда, рафтори худро дурусту қонунӣ шумурдаанд.

Дар гузашта баъзе аз созмонҳои ғарбӣ хоҳони “таҳримҳои ҳадафманд” ба зидди мансабдорони Тоҷикистон шудаанд. Аз ҷумла, Хонаи Озодӣ (Freedom House) соли 2023 ҳукумати Тоҷикистонро "режими комилан худкома" номид ва аз кишварҳои демократӣ хост, ки алайҳи мақомот аз таҳрим кор бигиранд.

Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (соли 2023) ва Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (2023 ва 2024) низ ҳамин талабро карданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳоло ба Додгоҳи Байнулмилалӣ шикоят кардааст, то замони қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистон бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дувумин созмони умдаи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб онро беасос мешуморанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2018 раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабириро ғоибона ба "муддати тӯлонии зиндон" маҳкум кард. Мақомот ӯро ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, куштор, исёни мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд. Худаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.

XS
SM
MD
LG