Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз зери манаҳаш тир зад." Марги як сарбози 25-солаи тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги як сарбози Нерӯҳои марзбонӣ шуруъ кардааст.

Анвар Хидирови 25-сола дар дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар наздикии марз бо Афғонистон хидмат мекард.

Масъулони дидбонгоҳ гуфтаанд, ӯ рӯзи 3-юми апрел бо тир аз зери манаҳаш заду худкушӣ кард. Падараш мегӯяд, осори тирро диданд, аммо мунтазири таҳқиқи одилона ҳастанд ва мехоҳанд агар касе гунаҳкор аст, ҷазо бигирад.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳангоми навбатдорӣ бо “Калашников” аз зери манаҳаш парондааст. Ҷасадро аз ташхис гузаронда, ба аъзои оилааш супориданд.”

Анвар Хидиров аз деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор буда, тирамоҳи соли 2023 ихтиёрӣ ба хидмат рафтааст.

Падараш, Нуралишо Хидиров, 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо ӯ дар рӯзи иди Фитр ё Рамазон телефонӣ суҳбат дошт.

“Дар Русия буд. Гуфтам, тӯй мекунем. Намонад. Гуфт, ки ман хидмат мекунам. Худаш ариза навишту ба артиш рафт. Доим занг зада мегуфт, ки хуб аст. Дар рӯзи ид ҳам гуфт, ки то поёни давраи хидматаш он қадар вақт намондааст ва ба хона меояд,” – нақл кард Хидиров.

Вай афзуд, то ин дам муфаттишон як дафъа телефонӣ аз ӯ дар бораи бемор будан ё набудани фарзандаш пурсидаанд ва дигар чизе барояш рӯшан нест.

Марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо расонаӣ шудааст.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".

Додситони ҳарбии Кӯлоб чанде пеш гуфт, дар соли 2024 дар минтақаи зери назари ӯ чаҳор мавриди марги сарбозон сабт шуд.

Мақомот пайваста таблиғ мекунанд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG