Як кишоварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иддао дорад, ки додгоҳ беасос ӯро бо гуноҳи буридани чандин дарахти худрӯ ҷаримаи калон баст. Ҳоло хонаводаи Қурбонбой Бобоҷонов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурда ва хоҳони ҳукми одилона шудаанд.
Қурбонбой Бобоҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: “Ин дарахтҳои қарағоҷ аз шамол ғалтидаанд. Ман ба дарахти беду ҷигда (санҷид) ҳуҷҷат карда буридаам, ман ин дарахти беқувати қарағочро чӣ кор мекунам. Инро бинед ҳамааш шикастааст. Маро тӯҳмат карда истодаанд, ки ту инро шикастӣ...”
Қурбонбой Бобоҷонов мегӯяд, ҳамроҳи фарзанду оилааш 35 сол боз барои ободии чанд замини ҷазирақаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заҳмат кашидааст, вале иддао дорад, ки бар ивази ин заҳматҳо Идораи хоҷагии ҷангал барои нобуд кардани дарахтон ба мақомот шикоят бурдаанд. Парванда аввал ба зидди писари хонавода Рустамҷон Бобоҷонов бо иттиҳоми буридани 12 дарахти қароғоҷ оғоз шуда ва баъди тасдиқ наёфтанаш бо ҳамин иттиҳом Қурбонбой Бобоҷонов ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Қурбонбой Бобоҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: “Ман гунаҳкор нестам, маро Хоҷагии ҷангал тӯҳмат карда истодаст ва ман норозӣ ҳастам. Ман махсус ба мурофиа наворҳоро овардам, ки дигарон дарахтҳоро бурида истодаанд. Вале боз нисбати ман қарор бароварданд”.
Тибқи ҳукми Умед Ҳомидзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қурбонбой Бобоҷонов муваззаф гардид, ки 40 ҳазору 275 сомонӣ ҷарима супорад. Додрас аз оғози мурофиа дар моҳи январи соли 2023 то охир иҷозат надод, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар он иштирок кунад ва назари дигар ҷонибҳоро шунавад. Маҳина Далерзода, котиби маҷлиси додгоҳӣ ҳам рӯзи 12-уми июн нагузошт, ки хабарнигори Радиои Озодӣ ҳукми додрасро ба навор бигирад.
Анвар Бобохонов, вакили мудофеи оилаи Бобоҷоновҳо мегӯяд, айбнома дар ҳама мурофиаҳо асоси худро наёфт: “Дар рафти тафтиши судӣ, дар ҳақиқат мақомоти тафтишоти пешакӣ ё аниқтар гӯем айбдоркунандаи давлатӣ ягон далели мушаххас, раднашаванда ё ба тахминҳо асоснаёфта, оид ба ин ҳолат ҷамъоварӣ накардааст ва ба суд ҳам пешниҳод карда натавонист. Бинобар ин тарафи ҳимоя ҳукми мазкурро ғайриқонунӣ ва беасос ҳисобида ба суди вилояти шикояти кассатсионӣ пешниҳод менамояд”.
Муроҷиатҳои беҷавоб ва умед ба додгоҳи болоӣ
Сабоат Бобоҷонова, узви Шӯрои ислоҳоти милитсия ва ҳамсари Қурбонбой Бобоҷонов мегӯяд, Ӯ аризаи шикоятии шавҳарашро ба ҳама зинаҳои назоратӣ, сар аз мақомоти маҳаллии қудратӣ, то Вазорати корҳои дохиливу Додситонии кул бурдааст. Вале ваҷҳҳои бегуноҳии шавҳарашро ба инобат нагирифтаанд.
Сабоат Бобоҷонова, ҳамсари Қурбонбой Бобоҷонов: “Ба мо маълумот расид, ки Одиназода Сомон ва Эмомов Шамшод ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хешутабор ҳастанд. Бо ҳамин мақсад, яъне ба маълумоти он кас расондам, ки сабаби ба шавҳарам тӯҳмат кардан ва ба чунин сарсониҳо гирифтор кардани мо, гирифтани замини ҷазира буд”.
Ин хонавода иддао дорад, ки то соли 2021, то замоне ки парвандаи заминсозӣ ба номи Сомон Одиназода ва Шамшод Эмомов гузаронида шудааст, ин хонавода қонуншиканӣ накардаанд ва ё барои дарахтбурии ғайриқонунӣ ҷаримаву муҷозот нашудаанд.
Ҳамасола бо мувофиқаи Идораи хоҷагии ҷангали вилояти Суғд оилаи Бобоҷоновҳо шохҳои дарахтонро мебуридаанд. Мувофиқи меъёри дарахтбурӣ андоз ҳам супоридаанд. Ҳоло танҳо умедвории онҳо аз бозбинии одилонаи ин ҳукм дар зинаҳои болоии додгоҳ аст.
Гуфтугӯ