Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон нопадид шудааст 


Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”
Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”

Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” дар Тоҷикистон аз ду рӯзи пеш нопадид шудааст ва то кунун ҳеч нишоне аз ӯро пайдо намекунанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шуҳрат Исматуллоевро шоми 23-уми июн аз назди манзили зисташ воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чанд нафар дар мошини сабукрави “Ҳундай Соната”-и рангаш сиёҳ савор карда ба самти номаълум бурдаанд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, тафтиши ВКД собит кардааст, ки рақами мошин қалбакӣ будааст.

Як тан аз дӯстонаш, ки нахост аз ӯ ном барем, рӯзи 25-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз замони нопадид шуданаш то кунун рақамҳои телефонаш кор намекунад.

“Камераҳои назоратӣ нишон додаанд, ки ӯро аз маҳаллаи 8-уми март савор кардааанд ва ин мошин аз тариқи бозори “Кушониён” ба самти ноҳияи Варзоб рафтааст. Шуҳрат агар сафарҳои хориҷӣ ё ягон минтақаи дур намерафт, ҳеч гоҳ шаб дар дигар ҷо намеистод ва ҳатман ба хонааш меомад. Хонаводааш сахт нигаронанд,”—гуфт ӯ.

Дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки “шаҳрванди нопадидшуда аз маҳаллаи 8-уми мартро ҷустуҷӯ доранд”, вале тафсилоти дигаре надоданд.

Шуҳрат Исматуллоеви 49-сола, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати "Тоҷик эйр" аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон будааст.

Ӯ солҳо боз муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG