Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндониро бо ҷурми “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум кардааст. Мурофиа рӯзи 10-уми июл таҳти раёсати додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст. Наздикони адвокати зиндонӣ мегӯянд, мурофиа бидуни ҳузури онҳо гузашт. Аммо мақомоти Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба зангҳои мо ва дархости рад ё тасдиқи ин хабар посух надоданд.
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин ҳукмро “бераҳмона” номид.
“Махфӣ баргузор кардани мурофиа як туҳмат ва бо зӯр таҳмил кардани ҷурме аст, ки Бузургмеҳр накардааст. Бузурмеҳр адвокат надошт ва азбаски мурофиа пӯшида гузашт, аз ҷузъиёти мурофиа хабар надорем. Хабаре, ки дастрас кардем ин аст, ки аз ин 10 соли зиндон 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 8 соли боқимондаро дар маҳбаси Ёвон адо хоҳад кард,”-афзуд Ҷамшед Ёров.
Нисбати Бузургмеҳр Ёровро бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” парвандаи нави қаллобӣ кушода буданд. Парвандаи нави Ёровро бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” Раёсати тафтишоти ВКД таҳқиқ кард.
Ҷамшед Ёров, бародари адвокати зиндонӣ, мегӯяд, Ҳасан Ҳасанов пойфишорӣ кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро “тӯҳмати навбатӣ” номидааст.
Бузургмеҳр Ёровро соли 2015 боздошт ва ба иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Ҷамшед Ёров мегӯяд, баъди ҳашт соли дар маҳбас будан ва татбиқи қонуни афв аз ҳукми Бузургмеҳр 10 солу 2 моҳ монда буд. Бо ҳукми нав, муҳлати ҷазои адвокат ба 20 солу 2 моҳ зиёд шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки озод шавад, вале мақомот будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.
“Freedom Now”, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, қароргоҳаш дар Вашингтон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, вакилони мудофеи мустақилро, ки "бо ангезаҳои сиёсӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд", раҳо кунанд.
Кумисюни ҳуқуқи башари Том Лантос дар Конгресси Амрико ҳам ин ҳафта аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бе қайду шарт озод кунад.
Гуфтугӯ