Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо хона, қасри варзиш ва корхона. Пули ҳавопаймои президент ба чӣ мерасид?


Boeing 787 Dreamliner
Boeing 787 Dreamliner

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи апрели имсол барои президент Эмомалӣ Раҳмон аз Мексика ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner” харид ва баҳсро дар бораи онки “оё воқеан ба он эҳтиёҷ буд ё не” доғ кард.

Ҳавопайморо ба 92 миллион доллар, муодили беш аз 1 миллиард сомонӣ хариданд. Рангубор ва хадамоти дигар эҳтимол арзиши онро гаронтар карда.

Мексика, ки тибқи ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ ҳаҷми иқтисодаш дар соли 2022 тақрибан 140 баробар аз иқтисоди Тоҷикистон бузургтар буд, нигоҳдории ин ҳавопаймои бозмонда аз раҳбари пешинро бар зарар медонист.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки сарфакориро барои мардум пайваста ташвиқ мекунад ва маъракаву дасторхони онҳоро зери назорат дорад, расман харидани ҳавопайморо шарҳ надод. Бино ба гузоришҳои нашршуда, онро то кунун 2 дафъа барои сафарҳои хориҷии раиси ҷумҳурӣ истифода кардаанд.

Нархи ҳавопаймо, ки ҷониби Мексика расонаӣ кард, 4 баробар бештар аз хароҷоти солонаи буҷети давлати Тоҷикистон барои саноату сохтмон дар соли 2023 аст. Дар буҷет харҷи соҳаи саноат ва сохтмон қариб 260 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда. Харҷи бахши фарҳангу варзиш дар умум 1 миллиарду 495 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо пули ин ҳавопаймо, ки ҷониби Мексика дар иёлатҳои фақираш бемористон хоҳад сохт, дар Тоҷикистон чӣ кор кардан мумкин буд? Радиои Озодӣ бо такя ба нархи чанд иншооте, ки мақомот дар бораашон гузориш доданд, ин феҳрасти хурдро тартиб дод:

Бемористонҳои муосир

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 аз оғози сохтмони бемористон ва маркази тандурустии иборат аз 3 қисм (ҳар кадом 3-ошёнаӣ) дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар дод. Онро бо пули Бонки Осиёии Рушд месозанд ва арзиши сохтмон 34 миллион сомонист.

Аз рӯйи ин ҳисоб, бо беш аз 1 миллиард сомонӣ имкон дошт, дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 30 маҷмааи муосири тиббӣ бино кунанд.

Таъмири беш аз 2 ҳазор километр роҳ

Ҳукумати Тоҷикистон арзиши навсозӣ ва мумфаршкунии ҳар километр роҳро дар дараи Ромит (шаҳри Ваҳдат) аз 300 то 600 ҳазор сомонӣ шумурдааст.

Агар таъмиру асфалтпӯш кардани ҳар километр роҳи маҳаллӣ, ба ҳисоби миёна, 500 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шавад, бо 1 миллиард сомонӣ имкон дошт, беш аз 2 ҳазор километр роҳ дар Тоҷикистон таъмир гардад.

333 қасри варзиш

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, моҳи ноябри соли 2022 дар ноҳияи Деваштич Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро ба истифода доданд. Дар масоҳати 885 метри мураббаъ ва бо харҷи 3 миллион сомонӣ.

Беш аз як миллиард сомонӣ маблағи ҳавопаймо барои бунёди 333 чунин қасри варзиш кофӣ буд.

Ёрӣ ба эҳтиёҷмандон

Дар Тоҷикистон 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманд, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ ҳисоб шудааст.

Агар пули ҳавопаймо миёни қариб ним миллион шаҳрванди эҳтиёҷманди Тоҷикистон тақсим мешуд, ба ҳар кадом зиёда аз 2 ҳазору 105 сомонӣ мерасид.

500 коргоҳу корхона

Моҳи марти имсол дар шаҳри Гулистон фабрикаи парандапарварии “Ганҷи Сомон”-ро фаъол карданд, ки гуфта мешавад, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардида, 20 нафар доимӣ кор мекунанд.

Пули ҳавопаймо барои бунёди 500 чунин корхона, ки 10 ҳазор нафарро бо кори доимӣ таъмин мекунад, кофӣ буд.

Хона барои беш аз 4 000 оила

Тибқи нархгузории бозори манзил, агар ҳар метри мураббаи он 500 доллар ҳисоб шаваду масоҳати ҳар хона 45-метрӣ дар назар дошта шавад, 92 миллион доллар басанда буд, ки 4 ҳазору 88 оила соҳиби хона гарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG