Вақте ки 22 июл Рӯзи Забон буд...
Бахши нави подкасти “Ганҷи шойгон” ба иди пешинаи забони давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад. Он аз як барномаи соли 1996 иборат аст. 22-юми июли соли 1989 вакилони порлумони ҳанӯз шӯравии Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки гуё саросар аз коммунистон иборат буд, ба ҳарфи олимони тоҷик ва ҳазорон нафаре, ки дар майдони марказии шаҳр митинг ё тазоҳурот карданд, гӯш дод ва забони тоҷикиро забони давлатии Тоҷикистон эълон кард. Мақомоти вақт на танҳо тазоҳуротро ором қабул карданд, балки ба назди мардум баромаданд ва сухани дили онҳоро шуниданд. Ҳамин порлумони, ба истилоҳ коммунистӣ, 22-юми июлро Рӯзи Забон эълон кард. Ин ҳол танҳо 10 сол давом намуд. Ҳайати нави порлумони Тоҷикистони озод ва соҳибихтёр аввал калимаи форсиро аз номи забон бардошт ва баъдан Рӯзи Забонро ба 5-уми октябр, яъне рӯзи таваллуди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯчонд. Барномае, ки ҳоло хоҳед шунид рӯзи 22-юми июли соли 1996, дар солгарди Рӯзи Забон омода ва пахш шуда буд. Дар он, аз ҷумла садои онҳоеро ҳам хоҳед шунид, ки дареғ, дигар дар байни мо нестанд. Бахши умдаи барномаро ҳамкорам Гулбаҳори Муродӣ омода карда, дар пешниҳодаш банда ҳам ширкат доштам.
Навор
-
ноябр 24, 2024
Мухолифон мансаб не, "бозгашти шарафмандона" мехостанд
-
ноябр 10, 2024
Сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мехост?
-
октябр 27, 2024
Нурӣ зидди интихоботи 1994 буд
-
октябр 13, 2024
Он рӯзи соли 1993 дар куҷо будед?
-
сентябр 29, 2024
Зери парчамҳои сабз ва сурх
-
сентябр 17, 2024
Кӯлоб, тобистони 1992. Чӣ гузашт?