Як сокини ноҳияи Дарвоз иддао дорад, ки муфаттишони додситонии ин ноҳия ӯро зери фишор қарор додаанд, то дар бораи пора додан ба раиси додгоҳ ва раиси Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаҳодат диҳад.
Собиршоҳ Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвоз рӯзи 15-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба раҳбарони ин ду ниҳод шикоят надорад ва намехоҳад шаҳодати бардурӯғ диҳад.
Мақомоти додситонии Дарвоз ҳодисаро шарҳ надодааст, вале Собиршоҳ нақл кард, ки моҷаро пас аз он оғоз шуд, ки нисбаташ додситонӣ бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, “напардохтани пули алименти фарзандон” ва “сохтакории ҳуҷҷатҳо” парванда боз кард. Баъди пардохти беш аз 14 ҳазор сомонӣ пули алимент ва 17 рӯз дар маҳбас мондан, бо қарори додгоҳ озод шудааст. Аз рӯи иттиҳоми дуввум ҳоло парвандааш дар баррасии додгоҳ қарор дорад. Маълум нест, парвандаи дуввуми ӯ, ки барои “сохтакорӣ” дар дастрас намудани шаҳодатномаи таваллуди фарзандаш оғоз шудааст, ба чӣ меанҷомад.
Ӯ гуфт, дар доираи ҳамин ду қазия аз ӯ талаб кардаанд, зери санаде имзо гузорад, ки пул доданашро ба ду мақомодор тасдиқ мекунад. “Ҳуқуқҳои маро поймол карданд. Нагузоштанд, ки ба парванда шинос шавам, нусхабардорӣ кунам, баъд имзо гузорам. Гуфтанд, дар тафтишот мо инро иҷозат намедиҳем. Ғайр аз ин муовини прокурори ноҳияи Дарвоз маҷбур кард, ки ту бигӯ ба раиси “ЗАГС”-и (САҲШ. РО ) ноҳияи Дарвоз 5 ё 6 ҳазор сомонӣ додӣ, мо нисбати ӯ ҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз кунем. Ман гуфтам, ки надодам. Боз зуроварӣ карда, талаб намуд, ки бугӯ, ки чаро суди ноҳияи Дарвоз туро аз сари суд озодат кард, чӣ қадар маблағ ба ӯ додӣ, ки туро озод кард. Ба касе чизе надодам гуфтам. Гуфт, хай ҳеҷ гап не, додӣ имзо кун, боз озодат мекунад,”-афзуд Собиршоҳ Ҳасанов.
Ӯ таъкид намуд, ки чунин нигаронии худро ба Додситонии кули Тоҷикистон расонид ва дар ин ниҳод ба ӯ ваъда додаанд, ки масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар ҷавоб ба номаи Радиои Озодӣ Додситонии кулл зикр намудааст, ки муроҷиати Собиршоҳ Ҳасановро “мавриди баррасӣ қарор дода, хаттӣ ба ӯ ҷавоб ирсол намудааст.”
Ҳасанов таъкид намуд, дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, хабардор шуд, ки барои напардохтани пули алименти фарзандон нисбаташ парванда боз кардаанд. Мегӯяд, расидҳои бонкиро дар даст дорад ва ба Тоҷикистон омад, мехост бегуноҳ буданашро исбот кунад, вале ба “дарди сарҳои дигаре” гирифтор шудааст.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, агар иддаои сокини Дарвоз асос дошта бошад, ин бозгӯкунандаи он аст, ки миёни масъулони баъзе ниҳодҳои давлатӣ бархурди манфиатҳо вуҷуд дорад ва ин рақобати солимро миёни онҳо зери савол мегузорад.
Баҳсҳо атрофи парвандаҳое чун саркашӣ аз пардохти пули алимент ё сохтакории ҳуҷҷатҳо дар гузашта борҳо расонаӣ шудааст. Вале кам иттифоқ уфтодааст, ки сокинон аз амали мақомодоре барои маҷбур сохтан бар он ки нисбат ба мақомодори дигар шикоят барад, нигаронӣ карда бошанд. Собиршоҳ мегӯяд, ҳарчанд зери чунин санаде имзо нагузошт, вале аз роҳи расонаӣ кардан мехоҳад, ба ин масъала таваҷҷӯҳ ва бархурди ҷиддии қонунӣ сурат гирад.
Гуфтугӯ