Намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо се рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот карда, шикояти онҳоро шунидааст.
Дидори Омбудсмени тоҷик бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ, рӯзи 5-уми июл дар маҳбаси “Якум советский” -и пойтахт дар доираи мониторингу санҷишҳои ин ниҳод, сурат гирифтааст.
Умед Бобозода, раҳбари идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 25-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “зимни боздид аз маҳбас бо Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ бевосита, агар хато накунам 15 дақиқа сӯҳбат доштем”.
Вай таъкид намуд, ки ин се рӯзноманигор аз вазъи будубошу дигар ҳолати нигаҳдорӣ дар маҳбас розӣ буда, танҳо аз санади ҳукмашон изҳори норозигӣ намуданд.
Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ дар тобистони соли гузашта боздошт шуданд. Додгоҳ онҳоро бо чанд иттиҳом, бахусус узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, аз 7 то 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо қаблан низ аз ҳукми додгоҳ нисбаташон шикоят карда буданд.
Тасдиқи мустақилонаи ҳарфҳои мақомот дар мавриди шароити будубоши рӯзноманигорони боздоштшуда мушкил аст.
Умед Бобозода, раҳбари идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъкид намуд, ки баъди шунидани шикояти се рӯзноманигор, ба онҳо тавсияҳое додаанд. "Мо тавсия додем, ки шумо метавонистед ба мо муроҷиат кунед ва дар мурофиаҳои судии шумо нафари мо ширкат кунад. Аз ин ҳуқуқи худ истифода набурданд, албатта. Вале мо тавсия додем, ки ба мо хаттӣ пешниҳод кунед аризаҳоятонро, мо метавонем тибқи тобеият парвандаҳои онҳоро барои бознигарӣ ба мақомоти судӣ равон кунем. Вайҳо розӣ шуданд, мо интизор ҳастем, ки пешниҳод кунанд,”-афзуд ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Дар посух ба ин пурсиш, ки оё бо хабарнигорони дигари зиндонӣ ҳам ҳамсуҳбат шудед, масъулони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон посухи рад дода, таъкид намуданд, ки дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ низ мониторингҳои онҳо аз маҳбасҳо идома хоҳад ёфт. Вале маълум нест, аз аҳволи дигар рӯзноманигорону фаъолон, аз қабили Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева ва Хуршед Фозилов дидан мекунанд ё не.
Қаблан хабарҳо аз вазъи саломатии баъзе рӯзноманигорони зиндонӣ нашр шуда буд. Дар моҳи декабри соли гузашта бародари рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ дар Фейсбук навишт, "саломатиии бародараш хуб нест".
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар моҳи декабри соли гузашта баъди вохӯрӣ бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфта буд, ин ду рӯзноманигор, бахусус Далери Имомалӣ бояд аз ташхиси сил гузаранд.
Дар бештар аз як соли охир дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогерро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 21 сол зиндонӣ карданд. Мурофиаи аксари онҳо дар боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд.
Баъзе аз рӯзноманигорони зиндонӣ дар номаҳои худ аз боздоштгоҳу маҳбас гуфтанд, ки зери фишор иттиҳомро пазируфтанду таҳти шиканҷа ба гуноҳ эътироф карданд.
Дар як соли ахир чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки рӯзноманигорони боздоштшударо озод кунанд. Аммо мақомот ин даъватҳоро то ин дам сарфи назар кардаанд.
Гуфтугӯ