Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Исфара гуфт, 200 ҷавон аз Русия баргаштанд ва ба артиш рафтанд


Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара

Мақомоти шаҳри Исфара гуфтанд, ки беш аз 200 ҷавони зодаи ин минтақа дар даъвати баҳорӣ аз Русия баргашта, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд.

Дар даъвати баҳорӣ даҳҳо сокини Исфара шикоят карда буданд, ки мақомот барои пас овардани фарзандонашон аз Русия барои гусел кардан ба артиш ба онҳо фишор меоранд.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси ин шаҳр рӯзи 26-уми июл дар нишасти хабариаш ҷалби иҷбории ҷавонон ба артишро рад кард ва гуфт, ки дар бисёр ҳолат онҳо бо даъвати волидонашон аз Русия омаданд.

“Мо дар натиҷаи фаҳмондадиҳӣ ва дуруст фаҳмондани ин масъала аз ҷониби масъулон ҷавонон дар даъвати гузашта барои хизмат аз Русия омаданд. Зиёда аз 200 нафар ҷавонон бо ихтиёри худашон омада, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд ва ба хизмат сафарбар карда шуданд,”-- афзуд Баҳоваддин Баҳодурзода.

Дар моҳҳои март то майи имсол даҳҳо сокини шаҳри Исфара аз ҳолатҳои маҷбурӣ овардани фарзандонашон аз Русия шикоят карда буданд. Сокинони чанд ҷамоати ин шаҳр гуфта буданд, ки барои ҷалб накардани фарзандони муҳоҷирашон ба хидмати ҳарбӣ дари масҷидҳояшонро маҳкам карда, аз барқу об маҳрум шудаанд. Ҳарчанд шаҳрдории Исфара тасдиқ кард, ки бо волидайни ҷавонони синни даъватӣ борҳо вохурдааст, вале ин иддаоро тасдиқ накард.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара гуфт: “Ин маълумот нодуруст аст, ки барои даъват дари масҷидҳоро маҳкам кардем ё барқи ягон нафар хомуш карда шудааст. Мо дар вақташ аз тарафи ҳукумат вокуниш карда будем, ки ин маълумот тасдиқи худашро наёфт. Ба даъват ин масъала тамоман алоқамандӣ надорад. Аммо мо инро пинҳон намекунем, ки дар ҳақиқат бо якчанд волидайн вохурдам. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем ва фарзандошонро даъват карданд, ҳоло хизмат карда истодаанд.”

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд, аммо мавридҳои "сарбозшикор" ва фишор ба волидони ҷавонон ин хабарҳоро зери шубаҳа мебарад. Сокинон мегӯянд, ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи латукӯбу марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ онҳоро дар марвиди фиристодани фарзандонашон ба артиш "дудила" кардааст.

Дар Тоҷикистон баҳор ва тирамоҳ давоми чор моҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Солҳост, ки мавсими даъват бо ҷалби иҷборӣ ё “облава” сари забонҳо мешавад. Мақомот борҳо ваъдаи ислоҳи вазъро доданд, вале омори “облава”-и ҷавонон кам нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG