Сокинони ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ин шабу рӯз ба кумаки бештар ниёз доранд. Сели харобиовар шаби 27-уми август мисли даҳҳо хонаи дигар дар ин ҷамоат, манзили Гулнора Шероваро ҳам хароб кард. Ӯ мегӯяд, ду рӯз боз мунтазири кумаки мақомот аст.
"Омада диданд, навиштанд, вале то ҳол ягон кумак накардаанд. Мо ҳамроҳи кудакон шабро дар берун рӯз кардем. Бубинед чӣ аҳвол дорем," - афзуд Гулнора.
Гулнора Шерова, сокини маҳаллаи Ҷавонии ҷамоати Чӯянгарони Ваҳдат рӯзи 29-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 12 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия кор карда, хона бунёд намуд. Вале дар як шаб тамоми меҳнатҳояш барбод рафт.
"Дар ин ду рӯз дар берун курпача партофта ҳамроҳи писарам хобем. Дигар куҷо равем? Ду бача дорам, шавҳар надорам. Падару модарам вафот карданд дар Русия будам, кор кунам як хона бунёд кунам гуфта, натавонистам ба маросими дафнашон биоям. Хоҳиш мекунам хонаамро барқарор кунанд ё як хона бунёд карда, диҳанд,"-мегӯяд ин сокини Ваҳдат.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Дар ин маҳалла худи сокинон маҷбур шудаанд ба таври ҳашар ё дастаҷамъона обу лойро аз ҳавлиҳояшон берун бароранд.
Сел мошини хонаводаи Асолат Муродоваро ҳам бурда, қисме аз манзилашро вайрону захираи озуқаашро нобуд кард. Ин оилаи акнун бе маводи ғизоӣ ва чашм ба роҳи кумак мондаанд. "Интизорем, ки кай кумак мекунанд. Охир ёрдам кунанд, то ҳол кумаке накардаанд,"- гуфт Асолат Муродова.
Масъулин мегӯянд, ба сокинон то ҷое кумак дастрас кардаанд ва ҳоло барои пурра муайян намудани ҳаҷми зарару масоҳати он баруйхатгирии зарардидагон ҷараён дорад.
Муҳаммадӣ Қурбонов, намояндаи Кумитаи ҳ олатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 29-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои расидагӣ ба мушкили мардум гурӯҳҳои корӣ ташкил шудааст. Муҳаммад Қурбонов гуфт, "10 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, хона ба хона вобаста ба шароити зисти мардуми зарардида кумаки молиявӣ, яъне хурока ва маводи зарурии гигиенӣ расонида шуда истодааст".
Аммо сокинони маҳалла шикоят карданд, ки то ҳол ба ғайр оби ошомиданӣ, дигар ҳеҷ кумаке нагирифтаандбархурдор нашудаанд. Сокинон мегӯянд, агар ба мушкили онҳо расидагӣ нашавад, аҳволашон бадтар хоҳад шуд.
Дар пайи борони пуршиддат ва омадани сел сокинони маҳаллаи Ҷавонии Ваҳдат ду рӯз боз аз обу барқ маҳруманд. Ин маҳалла дар 40 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Мисли зарардидагон дар Ваҳдат, сокинони бархе аз гӯшаҳои дигари кишвар низ мунтазири кумакҳои мақомот ҳастанд.
Селу боришоти пуршиддат дар баробари чанд маҳаллаи Ваҳдат, ба сокинон ва роҳу пулҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ зарар расонидааст.
"Имкон дошт, ки талафот ва зарари расида аз сел кам бошад"
Тибқи иттилои расмӣ, шумораи қурбониёни ҳодиса феълан ба 17 нафар расидааст ва эҳтимол аст чунин омор тағйир ёбад. Зеро баъзе ҳамсуҳбатони мо дар маконҳои зарардида гуфтанд, ҳанӯз ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Худи сокинон бовар доранд, ки дар пайи ҳодиса имкон дошт, талафоти моливу ҷонӣ камтар бошад.
Икромҷон Шоев, сокини ҷамоати Чӯянгарон бар ин аст, ки масъулони идораҳои марбута ба сокинон дар назди руду дарёҳо ё минтақаҳои хатарзо замин медиҳанд ва баъди чанд соли бунёди манзил сел то манзилҳояшон меояд: "Чун ки хонаро дар роҳи сел бунёд кардаанд ё дар назди дарё, ки бо пур шудани оби дарё сел хонаи сокинонро вайрон мекунад. Барои такрор нашудан бояд сокинон аз минтақаҳои хатарзо дур бурда шаванд".
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, аз қабл дар бораи хатари боришоти борон мардумро огоҳ карда буданд. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ, Кумита бо муроҷиат ба мардум гуфтааст, бояд сари вақт ҷӯю каналҳо ва селроҳаҳои атрофи худро аз ҳар гуна монеаҳо тоза кунанд.
Ин ниҳод бо истинод ба Оҷонсии ҳавосанҷии кишвар хабар додааст, ки хатари омадани сел дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боқӣ мемонад.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода,аз аввали имсол 472 офати табиӣ рух додааст, ки дар пай сӣ нафар ҷон бохта, 470 хона, чаҳор мактаб ва панҷ пул, 404 километр роҳи мошингард ва ҳудуди ду ҳазор гектар замини кишоварзӣ корношоям шудааст.
Тоҷикистон як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.
Гуфтугӯ