Ба эҳтимоли зиёд яке аз дастгиршудаҳо Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар қатли бонкдор аст ва сафари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Маскав барои истирдоди ӯ анҷом меёбад.
Як рӯз пеш Дафтари матбуоти ВКД аз сафари Рамазон Раҳимзода ба Русия хабар дода гуфт, яке аз мавзӯҳои аслии мулоқоти вазири тоҷик бо ҳамтои русаш, боздошти Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақаби "Дилшоди СБ" аст.
Саидмуродов корманди собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, Дилшод Саидмуродов яке аз гумонбаршудагони асосии рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев баъди анҷоми ҷиноят ба Русия фирор кардааст.
Дар ин байн хабари дар бораи пайвастани Саидмуродов ба гуруҳи "Вагнер" ҳам расонаӣ шуда буд, ки мақомот онро "беасос хонданд."
Вазорати корҳои дохилии Русия, боздошти ду гумонбари қатли бонкдори тоҷикро натиҷаи хуби ҳамкории байни мақомоти ду кишвар хондааст. Ба иттилои ҷониби Русия, Дилшод Саидмуродов ва гумонбари дигар дар чаҳорчӯби амалиёти байнидавлатии “ҷустуҷӯ” дастгир шудаанд.
Ҳамчунин дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев аз ошкор шудани фаъолияти як гурӯҳи ҷиноие хабар дода шудааст, ки ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав машғул будааст.
Боздошти ду гумонбари дигар дар марги Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки қарор аст имрӯз дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе ӯро ба хок супоранд.
Бонкдори шинохта моҳи июн рабуда ва кушта шуд. Ҷасади Исматуллоев, баъди тақрибан 2 моҳи ҷустуҷӯ дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо карда шуд. Гуфта мешавад, дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 15 нафар даст доштанд, ки то ин вақт 13 нафари онҳо боздошт шудаанд.