Рӯзи 2 сентябр дар бораи боз шудани бозорҳо бархе саҳифаҳои фейсбукӣ дар Афғонистон ва ниҳоят мақомот дар Тоҷикистон ҳам хабар доданд. Аз ҷумла, дар изҳороти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, ки дар Фейсбуки он нашр шудааст, хабар дода шуд, ки "бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим ба фаъолият шурӯъ намуданд".
Дар хабари мақомот дар Хоруғ таъкид шудааст, ки ин қарор бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон ба иҷро даромад.
Ба иттилои мақомот, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳам дар ҳайати мақомоти маҳаллӣ аз бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем дидан карда бо тоҷирон сӯҳбат кардааст. "Таъкид гардид, ки дубора ба фаъолият оғоз намудани бозорҳои наздисарҳадӣ ба тавсеаи мубодилаи молу коло байни ду кишвар ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд", омадааст дар хабар.
Ин дар ҳолест, ки давоми ду соли гузашта, ки дар Афғонистон гурӯҳи Толибон ҳукмрон мебошад, ҳукумат дар Тоҷикистон батаъкид гуфтааст, ки ин ҳукуматро эътироф намекунад, чун, бовари Душанбе, дар ин кишвар бояд ҳукумати иборат аз ҳама гурӯҳҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҳам ба намояндагӣ аз ҳама қавму гурӯҳҳои миллӣ таъсис ёбад.
Дар давоми ду соли гузашта марзҳо баста буданду ҳеҷ хабари расмӣ дар бораи ҳамкориҳои эҳтимолии сиёсию иҷтимоии миёни ду ҳамсояи наздик нашр нашудааст. Ҳазорҳо паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва мунаққидони режими Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Имрӯз дар хабари ҳукумати ВМКБ гуфта шуд, ки муовини якуми раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ва дигар масъулин "меҳмонони давлати ҳамсояро ба ҳузур пазируфта, бо шароити фароҳамгардида дар бозор шинос гардиданд.
Намояндагон ва тоҷирони кишвари ҳамсоя аз ин иқдоми нек изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд кӯшиш менамоем, ки ҳамкориҳо байни ду давлати ба ҳам наздик беҳтару хубтар ба роҳ монда шаванд".
Дар хабар гуфта намешавад, ки оё боз шудани бозорҳои наздисарҳадӣ бар асоси кадом мувофиқаҳо бо мақомоти имрӯзаи Афғонистон сурат гирифтааст ва кадом мақомоте аз Толибон ба хоки Тоҷикистон меҳмон шудаанд.
Вале дар Фейсбуки Идораи вулусволии Шуғнони Афғонистон, ки ҳамчунин дар бораи боз шудани бозори муштарак бидуни овардани номи Тоҷикистон хабаре нашр кардааст, гуфта мешавад: "имрӯз бозори Шуғнон Боҳир бо талоши волии Имороти исломии Шуғнон Мавлавӣ Раҳмонуддин боз шуд". Дар ин маросим, ба навиштаи ин манбаъ, мақомоти маҳаллии полис, мисли "қумандон Иброҳим Зуфқор, Масъудулло Раҳимӣ" ҳам иштирок карданд. Мақомоти Толибон дар Шуғнони Афғонистон навиштаанд, ки бозори муштараки онҳо шанбеҳо аз 8 то 14:00 фаъол хоҳад буд.
Мақомоти ВМКБ дар изҳороти худ таъкид кардаанд: "имрӯз бозорҳо дубора ба фаъолияти худ оғоз намуданд, ки ин барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳад намуд". Аз ҷумла дар ин сӯҳбатҳо зарурати таъмини амнияти бехатарӣ ва роҳ надодан ба интиқоли маҳсулоти пастсифат ҳам сӯҳбатҳое анҷом шудааст.
Бозорҳои наздисарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки бо ҳам тақрибан 1400 км марзи муштарак доранд, дар давраи пеш аз Толибон таъсис шуда буданд. Ҳадаф наздиксозии фарҳангҳо, дастгирии истеҳсолкунандаҳои маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинони ҳарду тарафи марз гуфта мешуд.
Гуфтугӯ