Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи "Китоби Душанбе". Аз осори адибони тоҷик то нависандагони турку эрониву рус. ВИДЕО


Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе". 3.10.2023.
Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе". 3.10.2023.

Намоишгоҳи ёздаҳуми байнулмилалии "Китоби Душанбе" рӯзи 3-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шуруъ шуд ва то 5-уми октябр идома мекунад. 30 ношири дохилӣ ва намояндаҳои ҳафт кишвар, аз ҷумла, Эрон, Узбекистон, Турки, Ҳиндустон, Белорус, Туркманистон ва Русия ба инҷо омадаанд. Дар ин намоишгоҳ аз асарҳои адибони классику муосири тоҷик то нависандагони русу туркро пайдо кардан мумкин аст.

Нурмуҳаммад Шамс, як сокини Душанбе ҳар сол аз намоишгоҳи китоб дидан мекунад. Вай мегӯяд, имсол ба фарқ аз солҳои гузашта дар ин намоишгоҳ баъзе китобҳо дигарбора пешниҳоди хонанда шуда, номгӯи онҳо низ бисёр кам аст.

Ин ҳамсуҳбати мо, ки тарроҳи китоб аст, гуфт, "дар намоишгоҳ кам ғурфаҳо ҳастанд, ки китоби худро ба фурӯш мегузоранд. Инҷо намоишгоҳ аст, бояд мо китобро аз инҷо пайдо кунем ва баъдан харидорӣ кунем. Ба ҳар ҳол таваҷҷуҳ ҳаст, мардуми кам китобхон бошанд ҳам, вале хуб мехонанд".

Баъзе аз хонандагон аз баргузории чунин намоишгоҳи китоб истиқбол карда, онро як василаи таблиғи китобхонӣ меноманд ва мегӯянд, ташкили фурӯши китоб ва тарғиби он бояд ҳамеша роҳандозӣ шавад.

Марҷона Фаросатшоева ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш аз донишгоҳ ба ин намоишгоҳ омадааст. Ӯ пештар ба китобҳое таваҷҷуҳ дошт, ки бозгуи таърихи Тоҷикистон аст. "Ман ки дар риштаи бойгониҳои аудиовизуалӣ таҳсил мекунам, китобҳои таърих бисёр муҳим аст. Умуман назари ман ин аст, ки китоб хондан даркор мебошад. Чун ҷаҳонбиниро васеъ мекунад",-афзуд ӯ.

"Намоишгоҳи "Китоби Душанбе" оғоз ёфт.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" аз соли 2011 инҷониб баргузор мегардад ва дар он асарҳои садҳо адиб ва шоирони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад. Намояндагони мақомот баргузории чунин намоишгоҳро фурсати хуб барои табодули фарҳангӣ миёни ноширони кишварҳо донистанд.

Раҳмоналӣ Мирализода, сардори раёсати таъбу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "китобҳо дар ҳар жанр ҳастанд. Бинобар ин албатта дар зеҳни ҷавонон таъсири бисёр бузург дорад. Чун онҳо ба ғайр аз он китобҳое, ки дар дохили Тоҷикистон мебинанд, бо китобҳои хориҷӣ ошно мешаванд, бо сифат ва мавзуи онҳо шинос мешаванд. Инҷо теъдоде аз адидони ҳам русу ҳам эронӣ иштирок доранд, ки бо онҳо низ маҳфилҳо баргузор мешавад".

Баргузории намоишгоҳи "Китоби Душанбе" дар ҳолест, ки мавзуи китобу китобхонӣ солҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баҳс мешавад. Нигаронии баъзе аз рӯшанфикрон дар Тоҷикистон аз он аст, ки майли ҷавонон ба харидану хондани китоб бахусус осори донишмандону адибони кишвар кам шудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, ба сахтӣ ҳам бошад, теъдоде аз китобҳо чоп шуда, вале дар дӯконҳои китобфурӯшӣ ба қавле "хобидаанд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG