Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 18 сол чӣ гузашт? Муруре ба муноқишаҳои калони "Ҳамос" ва Исроил


Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр бо партофтани садҳо мушак аз Навори Ғазза ва фиристодани ҷангҷӯёнаш ба он сӯйи сарҳад ҳамлаи бузургтарин ва ғофилгиронаи худро ба Исроил сар кард.

Исроил дар вокуниш эъломи “вазъияти ҷангӣ” кард ва ҳуҷуми худро алайҳи “Ҳамос” дар Навори Ғазза оғоз бахшид. Расонаҳои исроилӣ аз набардҳои мусаллаҳонаи байни гуруҳҳои фаластинӣ ва нерӯҳои амниятии ин кишвар дар ҷануби Исроил хабар медиҳанд. Дар ин даргирӣ, ки рӯзи 8-уми октябр идома дорад, аз ду тараф садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҷадвали замонии зер, ки бо ақибнишинии Исроил аз Навори Ғазза дар соли 2005 оғоз мешавад, ҳодисаҳои умдаро дар ин минтақа дар бар мегирад. Навори Ғазза ҷойи зисти 2.3 миллион фаластинист.

Августи 2005: Нерӯҳои исроилӣ пас аз 38 сол ишғоли Навори Ғазза ин минтақаро тарк карда, назорати онро ба мақомоти фаластинӣ супурданд.

25-уми январи 2006: Гуруҳи “Ҳамос” аксар курсиҳоро дар интихоботи порлумонии Фаластин гирифт. Дар пайи худдории “Ҳамос” аз боздоштани хушунатҳо ва сарпечӣ аз эътирофи Исроил, Вашингтон ва Телавив ёриҳои молиро ба фаластиниҳо бас карданд.

25-уми июни 2006: Ниманизомиёни “Ҳамос” сарбози исроилӣ Гилад Шалитро дар минтақаи марзӣ асир гирифта, ба Навори Ғазза бурданд. Исроил дар вокуниш ба ин иқдом ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи баъзе аз ҳадафҳои “Ҳамос” анҷом дод. Шлит баъд аз панҷ сол, ҳангоми иваз кардани асирон, озод шуд.

14-уми июни 2007: “Ҳамос” дар як ҷанги дохилии кӯтоҳ Навори Ғаззаро ба тасарруфи худ даровард ва нерӯҳои “Фатҳ”, ҷунбиши вафодор ба Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластинро аз ин минтақа берун кард.

27-уми декабри 2008: Дар пайи партоби мушакҳои “Ҳамос” ба ҷануби Исроил артиши ин кишвар ҷанги 22-рӯзаро алайҳи ниманизомиён дар Ғазза оғоз кард. Дар ин ҷанг 1400 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.

14-уми ноябри 2012: Исроил тайи амалиёте Аҳмад Ҷабборӣ, фармондеҳи шохаи низомии “Ҳамос”-ро кушт ва дар пайи он ҳамлаҳои мушакӣ аз Навори Ғазза ба Исроил ва ҳамалаҳои ҷавобии ҳавоӣ ба мавзеи фаластиниҳо ба муддати ҳашт рӯз идома ёфт.

Июл – августи 2014: Дар пайи рабуда ва кушта шудани се навҷавони исроилӣ аз ҷониби “Ҳамос” як ҷанги тақрибан думоҳа миёни тарафҳо сурат гирифт. Дар ин набардҳо 2100 фаластинӣ ва 73 исроилӣ, аз ҷумла 67 нерӯи артиши ин кишвар, кушта шуданд.

Марти 2018: Тазоҳуроти фаластиниҳо дар сарҳади Ғазза бо Исроил оғоз шуд. Сарбозони исроилӣ барои ақиб рондани норозиён оташ кушоданд. Дар ин тазоҳурот, ки чанд моҳ тӯл кашид, зиёда аз 170 фаластинӣ кушта шуда, нерӯҳои “Ҳамос” ва Исроил низ вориди набард шуданд.

Майи 2021: Пас аз ҳафтаҳо таниш дар моҳи Рамазон, садҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Исроил дар атрофи масҷиди “Ал-Ақсо” дар Байтулмуқаддас, макони севуми муқаддаси мусулмонон, захмӣ шуданд. “Ҳамос” бо сар додани мушак ба хоки Исроил хост, нерӯҳои амниятии ин кишвар аз масҷиди “Ал-Ақсо” берун шаванд. Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғазза посух гуфт. Дар ин набардҳо, ки ёздаҳ рӯз идома кард, 250 фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.

Августи 2022: Дар пайи ҳадаф қарор гирифтани як фармондеҳи аршади гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ” тавассути Исроил набарди серӯза миёни фаластиниҳо ва Исроил оғоз шуд. Дар натиҷаи он 44 фаластинӣ, аз ҷумла 15 кӯдак, кушта шуданд. Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба фармондеҳон ва анборҳои аслиҳаи “Ҷиҳоди исломӣ” як “амалиёти пешгирона” барои ҷилавгирӣ аз тарҳи ҳамлаи эҳтимолии ин гуруҳи зери пуштибонии Эрон дар Навори Ғазза номид. “Ҷиҳоди исломӣ” дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳи аршади худ беш аз ҳазор мушакро ба самти Исроил ҳаво дод.

Январи 2023: Пас аз ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба паноҳгоҳи оворагон ва куштани ҳафт марди мусаллаҳи фаластинӣ ва ду ғайринизомӣ, “Ҷиҳоди исломӣ” аз Навори Ғазза ба самти Исроил ду мушак партофт. Ин иқдом талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Ғазза ҷавоб дод.

Октябри 2023: “Ҳамос” бо ҳамлаи ғофилгиронаи мушакӣ ва вуруди ниманизомиёнаш ба хоки Исроил муддаии бузургтарин ҳамла ба Исроил тайи солҳои гузашта шуд. Гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ” мегӯяд, нерӯҳояш ба ин ҳамла пайвастаанд. Артиши Исроил эълом кард, ки дар шароити ҷангӣ қарор дорад ва нерӯҳои захираро фаро хонду ҳамлаҳоро алайҳи “Ҳамос” дар Ғазза оғоз кард.

Бо истифода аз маълумоти "Рейтерз" омода шудааст

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG