Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанг миёни Исроил ва фаластиниҳо. АКС

Британия, Фаронса, Испания ва Олмону кишварҳои дигар дар изҳороте, тарафҳоро ба оташбас даъват карданд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳамлаи гуруҳи фаластинии ҲАМОС ва муттаҳидонашро ба Исроил маҳкум карда, бо мардуми ин кишвар изҳори ҳамрайъӣ кард. Кохи сафед аз мулоқоти телефонии Ҷо Байден, президенти Амрико бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу хабар дод. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Олмону Фаронса аз Исроил пуштибонӣ кардаанд. Теҳрон, дар ин ҷанг бо пуштибонӣ аз гурӯҳи фаластинӣ садо баланд кард. Дар саҳфаи фейсбукии президенти Сурия, Башор Асад ҳам ба ҳимоят аз фаластиниҳо изҳороте нашр шуд. Вазорати хориҷаи Қатар аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки низоъро бас кунанд. Мақомоти ин кишвар, дар вазъи ба амал омада, Исроилро масъул хондаанд.


Бахшҳо

XS
SM
MD
LG