Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Зайф, "тарроҳ"-и ҳамлаи ғофилгирона алайҳи Исроил кист?


Ду акси тасдиқшудаи Муҳаммад Зайф, раҳбари бахши низомии "Ҳамос", вале бидуни сана
Ду акси тасдиқшудаи Муҳаммад Зайф, раҳбари бахши низомии "Ҳамос", вале бидуни сана

Муҳаммад Зайф, фармондеҳи шохаи низомии “Ҳамос”, “тарроҳ”-и ҳамлаи ғофилгиронаи ҳафтуми октябр ба Исроил ба шумор меояд. 58-сола ва аз Навори Ғазза аст. Соли 2015 дар рӯйхати шахсони муттаҳам ба терроризм дар Амрико ҷой гирифт.

Муҳаммад Зайф кист?

Муҳаммад Диёб Иброҳим Ал-Мисрӣ, машҳур ба Муҳаммад Зайф, соли 1965 дар урдугоҳи Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза ба дунё омадааст. Хонаводааш аз деҳае аз шимоли ғарби Байтулмуқаддас кӯчида буданд.

Донишгоҳи исломиро дар Ғазза хонд ва аз он вақт барои пайвастан ба сафи гуруҳҳои исломгаро майл пайдо кард. Аввал ба узвияти “Ихвон-ул-муслимин” (Миср), сипас ба узвияти гуруҳи фаластинии “Ҳамос” даромад ва аз фаъолони барҷастаи он шуд.

ЧароЗайф”?

Тавоноиҳои ӯро барои пинҳон шудан сабаби то ҳол зинда монданаш медонанд. Акси охирини Муҳаммад Зайф зиёда аз бист сол пеш гирифта шудааст.

Калимаи “Зайф” дар арабӣ ба маънои “меҳмон” аст. Интихоби ин лақаб аз он ҷост, ки ӯ беш аз як шаб дар як ҷо намемонад ва ҷойи худро зуд-зуд иваз мекунад.

Боздошт аз сӯи Исроил

Муҳаммад Зайф соли 1989 аз тарафи нерӯҳои исроилӣ ба иттиҳоми фаъолият дар дастгоҳи низомии вобаста ба “Ҳамос” дастгир шуд. Ин боздошт бидуни муҳокима буд ва 16 моҳ тӯл кашид.

Баромаданаш аз зиндон бо зуҳуру ном баровардани баталйони Иззуддин Қассом, шохаи низомии “Ҳамос” пас аз анҷоми чанд амалиёт алайҳи Исроил рост омад. Вай бо теъдоде аз фармондеҳон ба Каронаи Бохтарӣ рафт, то бахши низомии гуруҳро дар минтақа фаъол кунад.

Соли 1993 ба унвони яке аз фармондеҳони шохаи низомии Ҳамос шинохта шуд. Дар он давра теъдоде аз амалиётро раҳбарӣ кард, аз ҷумла ба гаравгон гирифтани сарбози исроилӣ Нахшон Ваксманро.

Баъд аз кушта шудани Яҳё Айёш, яке аз фармондеҳони барҷастаи шохаи низомии “Ҳамос” (5-уми январи соли 1996), ки ба номи “муҳандиси маводи тарканда” машҳур буд, Муҳаммад Зайф силсилае аз амалиёти маргталабонаро тарроҳӣ кард ва сабаби марги беш аз 50 исроилӣ шуд.

Як кӯдаки фаластинӣ акси Яҳё Айёш, аз поягузорони шохаи низомии “Ҳамос”-ро ба даст дорад
Як кӯдаки фаластинӣ акси Яҳё Айёш, аз поягузорони шохаи низомии “Ҳамос”-ро ба даст дорад

Нерӯҳои амниятии Ташкилоти Худгардони Фаластин моҳи майи соли 2000-ум Муҳаммад Зайфро дастгир карданд аммо бо қиёми дувуми фаластиниҳо ӯ фирор карду ба Ғазза баргашт. Дар ҷараёни ҳаводиси он сол амалиёти зиёдеро алайҳи Исроил тарроҳӣ ва раҳбарӣ кард.

Нуфузи рӯ ба афзоиши Муҳаммад Зайф дар гуруҳи “Ҳамос” боис шуд, ки соли 2002 фармондеҳи шохаи низомии гуруҳ таъйин шавад.

Наҷот аз марг

Муҳаммад Зайф борҳо аз амалиёти дастгоҳҳои иттилоотӣ ва артиши Исроил ҷон ба саломат бурдааст, вале гуфта мешавад, дар панҷ маврид эҳтимоли ба марг раисданаш наздик буд. Дар амалиёте, ки солҳои 2001, 2002, 2003, 2006 ва 2014 анҷом шуд.

Талоши машҳуртарин барои куштани Муҳаммад Зайф охири моҳи сентябри соли 2002 сурат гирифтааст. Он ҳангом Исроил иқрор кард, ки наҷоти ӯ муъҷизаосо буд.

Дар он амалиёт чархболҳои Исроил чанде аз мошинҳоро дар маҳаллаи Шайх Ризвон дар Ғазза бомбаборон карданд. Исроил дар аввал эълом кард, ки Муҳаммад Зайф кушта шуд, аммо пас аз он иттилои худро тағйир дод.

Бори охир тобистони соли 2014 маҳалли ҷойгиршавии Муҳаммад Зайф дар минтақаи Шайх Ризвон ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамла ҳамсару фарзанди хурдсолашро аз даст дод. Гузоришҳо баёнгари онанд, ки худи Зайф дар ин ҳамла осеб дид ва аз он вақт тавони роҳ рафтанро аз даст дода, бо аробаи маъюбӣ мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG