"10-15 рӯз пеш ба назди ман рафта буданд. Ду-се шеъри нотамом будааст, исрор карданд, ки ислоҳ кунам, чун дар китоб ҷой медиҳанд. Ҳам суҳбаташон, ҳам қадамзаниашон бар ҷой буд, аз чизе шикоят накарданд," – гуфт Алимуҳаммади Хуросонӣ, адабиётшинос ва аз наздикони Рафоат Абдусаломова.
Даргузашти Рафоат Абдусаломова, ки солҳои дароз дар телевизион кор кардааст, як талафоти фарҳангӣ дониста мешавад. Ӯ дар парвариши насли нави гӯяндагони телевизион низ нақш дошт.
Зинатулло Исмоилов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, мегӯяд, "то имрӯз муҳаққиқон аз барномаи бисёр ҳам машҳури “Дугонаҳо”-и Рафоат Абдусаломова ба некӣ ёд мекунанд ва ман онро ҳамчун як мактаби омӯзанда барои журналистони ҷавон қаламдод месозам.”
Ҳамсабақон аз даврони донишҷӯйӣ бо Рафоат Абдусаломова ёд меоранд, ки ҳанӯз ҳамон вақт номи худро ҳамчун нахустин гӯяндаи телевизиони Тоҷикистон сабт карда буд.
Ба қавли нависанда Бахтиёр Муртазо, “вақте телевизиони Тоҷикистон ташкил шуд, ин касро имтиҳон карданд, мо хабар надоштем. Як вақт огоҳ шудем, ки наттоқи телевизион шуданд, наттоқи аввалин. Ин ҷо Сталинобод гуфта, суханронӣ карданд, мо аз ҳамин фаҳмидем, ки шарикдарси мо наттоқи телевизион шуданд.”
Рафоат Абдусаломова муаллифи чанд китоб низ аст, ки дар онҳо таҷриба ва дидгоҳҳои худро дар соҳаи телевизион ҷамъбандӣ кардааст.
“То ҷое хабар дорам, се китоб навиштанд, дар бораи таърихи ташаккули телевизиони Тоҷикистон, комёбиҳои эҷодии наттоқони телевизион ва умуман ҳунари таҳияи барномаҳо. Гумон мекунам бисёр аҳли телевизион насли ҷавон аз ин китобҳо дарак доранд,” – гуфт нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор.
Моҳи октябри соли 1959 барномаи нахустин ва санҷишии телевизиони Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш шуд.
Рафоат Абдусаломова аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор кардааст. Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» саҳм гузоштааст.
Солҳои зиёд гӯяндаи барномаҳои вижа барои телевизиони Маскав ва ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дӯстонаш гуфтанд, бо даргузашти ӯ як давраи муҳими телевизиони тоҷик моли таърих шуд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ