Тақрибан як ҳафта боз дар кӯчаву истгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ҳаракати мусофирбарҳо (автобусҳо) мушоҳида намешавад. Сокинон мегӯянд, маҷбуранд ё аз микроавтобусҳо истифода кунанд ё такси.
“Нисфирӯзӣ донишҷӯён аз дарс ва бегоҳӣ коргарон аз кор мебароянд. Истгоҳи Фурӯшгоҳи марказӣ пури одам мешавад. Ҳамаи онҳо мунтазири автобус ҳастанд,” – гуфт сокини Хуҷанд Қодири Рустам.
Маҳбуба, сокини дигари шаҳр гуфт, “автобус хуб аст, чун нархаш арзонтар аст. “Газел”-ҳо серодам ҳастанд ва ёфтану савор шудан ҳам бисёр душвор.”
Истифода аз хидмати автобус дар шаҳри Хуҷанд як сомонӣ таъин шудааст. Арзиши роҳкиро дар микроавтобусҳо 2,5 сомонист.
Сокинон, бахусус донишҷӯён, мегӯянд, як сомонӣ бештар ба ҷайбашон мувофиқ аст, аммо якбора нопадид шудани мусофирбарҳо онҳоро сахт нигарон карда.
Донишҷӯ Бежан Қурбонов мегӯяд, “аз “Универмаг” то бозори “Сомон” микроавтобус 3 - 3,5 сомонӣ мегирад, автобус 1 сомонӣ. Яъне бо ин шумо мақсади маро фаҳмидед. Агар автобусҳо ба кор бароянд, беҳтар аст.”
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд соли 2018 аз ҳисоби 26 миллион доллар гранти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сад автобусро ворид кард ва ҳаракати ин навъи нақлиёти иҷтимоиро дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он ба роҳ монд.
Ҳоло аксари автобусҳо дар таваққуфгоҳи Корхонаи Воҳиди Мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд истодаанд.
Масъулони ин ниҳод рӯзи 31-уми октябр омода нашуданд, ки дар бораи вазъи ҳозираи корашон дар назди дурбин гап зананд, вале дар суҳбати худмонӣ гуфтанд, ки сабаби қатъи муваққатии ҳаракати автобусҳо ба арзиши сӯзишворӣ рабт дорад. Тақрибан ду моҳ боз нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба тадриҷ боло меравад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ