Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёб Файзулло ба ҳабс маҳкум шуд. Падараш гуфт, “мошин аз ман буд” ВИДЕО


Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ ва писараш Комёб Файзулло
Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ ва писараш Комёб Файзулло

Комёб Файзулло, ронандаи мошине, ки сабабгори ҳалокати овозхон Некрӯз Ниёзов гардид, ба 3 сол зиндон маҳкум шудааст.

Рӯзи 2-юми ноябр дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми Комёб Файзулло “се рӯз пеш содир шуда”, вай бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст,) маҳкум кардааст.

Вакили Комёб Файзулло барои шарҳи ҳукм дастнорас буд, аммо падараш Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Озодӣ гуфт, мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд.

Наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов гуфтанд, онҳо ба ҷаласаи додгоҳ нарафтанд, “чун фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд.”

Садамае, ки боиси марги овозхон Некрӯз Ниёзов гардид, шоми 21-уми сентябр дар назди тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”-и Душанбе рух дод ва вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Корбарон бо назардошти он ки омили садама ва марги овозхон писари мансабдори тоҷик буд, гуфтанд, ин ҳам яки дигар аз беэътиноӣ ва азхудрафтагии ронандагони ҷавон ба қоидаҳои роҳ ва эҳтироми дигарон аст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ронандаи масъули марги овозхон Некрӯз Ниёзов аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Аммо Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ин робита гуфт, ки “аз аввал тақозо кардаанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад. Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам. Комёб бо саводи худаш ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуд ва баъд ӯро ба Донишгоҳи славянӣ интиқол додем, чанд забони хориҷиро медонад,”-гуфт Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ.

Яке аз наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов, ки дар садама қурбон шуд, 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали ин ҳафта онҳоро ба мурофиа даъват карданд. “Вале мо нахостем ба мурофиа равем, рафтан чӣ фойида дорад, фарзандамонро баргардонда наметавонем,”-гуфт яке аз наздикони Некрӯз Ниёзов.

Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кард, вале нагуфт, ки аз болои қарори додгоҳ шикоят мебарад ё не.

Видео дар бораи марги овозхонро инҷо бинед:

Шаби 21-уми сентябр дар натиҷаи ба ҳам бархурдани ду мошини гаронбаҳо дар шаҳри Душанбе овозхони 28-сола Некрӯз Ниёзов ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, яке аз мошинҳоро Комёб Файзулло ва мошини дуввумро нафаре бо номи Оятулло Аҳтамзода меронд. Дар бораи Аҳматзода маълумоти зиёд дар даст нест ва рӯшан нест, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё не.

Бори аввал нест, ки номи фарзандони мансабдорон дар робита ба садамаҳои марговар расонаӣ мешавад. Аммо марги овозхони боистеъдод ва умедбахш эътирози даҳҳо нафарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG