Муҳаммадзоҳир Ағбар 7-уми ноябр дар ҳузури хабарнигорон ҳамчунин гуфта буд, Консулгарии ин кишвар дар Хоруғ "барои надоштани имконоти иқтисодӣ" аз кор мондааст ва кормандони он дар Душанбе ба фаъолият идома медиҳанд.
Аммо дар видеое, ки Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи 9-уми ноябр дар сафҳаи X (Твиттер)-и худ нашр кард, нафаре бо номи Нақибуллоҳ Деҳқонзода суҳбат мекунад ва худро сарпарасти Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд. Дар ин навор ӯ аз ҷумла мегӯяд, ки ба таври мустақим зери ҳимоят ва назари Вазорати корҳои хориҷии Иморати исломӣ (Толибон ҳукумати худро "Иморати исломӣ" меноманд. РО) фаъолият мекунад.
"Ахиран изҳороти ғайримасъулона ва дур аз ҳақиқати оқои Зоҳири Ағбар, сафири пешини Афғонистон дар робита ба адами фаъолияти ин намояндагӣ аз тариқи расонаҳо ба нашр расид. Консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғ намояндагии мустақил буда ва мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати корҳои хориҷии Имороти исломӣ мебошад ва мутобиқи усул ва салоҳиятҳои қонунии хеш фаъолият намуда ва хадамоти консулиро ироа менамояд",-мегӯяд ӯ дар ин навор.
Нақибуллоҳ Деҳқонзода дар идома мегӯяд, пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон, доманаи фаъолиятҳои ин намояндагӣ барои хадамоте ҳамчунин судури шиноснома ва додани виза барои шаҳрвандони Афғонистон муқими Тоҷикистон густариш ёфтаст. Ӯ дар бахши дигаре аз суханони худ бо сипос аз мақомоти Тоҷикистон барои бозгушоии гузаргоҳҳо ва бозорҳои наздимарзӣ, гуфт, ки дар бахшҳои боркашонӣ, тиҷорат, масоили марзӣ ва зиндониён бо ҷониби Тоҷикистон ҳамоҳангӣ вуҷуд дорад.
Радиои Озодӣ барои дурустии ин навор ба Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ муроҷиат кард. Фарде бо номи Зикриё Сиддиқӣ ки гуфт, дар бахши консулӣ фаъолият мекунад, тасдиқ кард, ки ин навор воқеият дорад ва нафаре, ки дар он суҳбат мекунад, оқои Деҳқонзода аст.
Чанд манбаи дигар ҳам дар Душанбе ба Радиои Озодӣ тайъид карданд, ки шахсе дар видео суҳбат мекунад, Нақибуллоҳ Деҳқонзода аст ва ӯ аз замони ҳукумати пешини Афғонистон ба унвони дипломат дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири пешини Афғонистон дар Душанбе рӯзи 10-уми ноябр дар вокуниш ба ин навор дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки Сафорат мавқифи худро дар мавриди Консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ду рӯз қабл дар нишасти матбуотӣ иброз намуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин кашмакаши дипломатҳои афғон дар Тоҷикистон вокунише нишон надодаанд.
Аммо бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ дар Афғонистон ба ҷанҷоли дипломатҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла, Ато Муҳаммади Нур, волии пешини вилояти Балх дар саҳифааш дар шабакаи X (Твиттер) аз Муҳаммадзаҳир Ағбар тавсиф кардааст.
Имсол бори дуюм аст, ки номи Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ дар сархати хабарҳо қарор мегирад. Моҳи феврали имсол дар пайи фаромадани тарма ё баҳман бинои консулгарӣ вайрон шуда буд. Моҳи марти имсол Вазорати корҳои хориҷии Толибон хабар дод, ки як ҳайат ба дидани консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ рафт. Мақомоти Тоҷикистон хабари омадани намояндагони "Толибон"-ро ба шаҳри Хоруғ тасдиқ ё рад накардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз мунтақидони "Толибон" аст ва дар ду соли гузашта намояндагони дипломатии гурӯҳро қабул накардааст ва бинои сафорати Афғонистон дар ихтиёри намояндагони ҳукумати сарнагуншуда аст. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
Баъд аз сарнагун шудани низоми ҷумҳурият дар Кобул, чанд кишвар аз ҷумла Эрон намояндагиҳои дипломатии Афғонистонро дар ихтиёри гуруҳи "Толибон" гузоштанд.
Гуфтугӯ