Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи ислоҳот дар соҳаи мухобироти Тоҷикистон? Хадамоти алоқа интернетро "тақсим" мекунад


Хадамоти алоқа, ки чун монополисти  интернети Тоҷикистон шинохта шудааст, дар як изҳороташ гуфт, ҳамакнун ду ширкати дигари ватанӣ ҳам ҳақи ба кишвар ворид кардани шабакаи ҷаҳониро хоҳанд дошт.

Ду рӯз баъди нашри хабар, 17-уми ноябр Хадамоти алоқа исми ду ширкати маҳаллиро ҳам номбар кард. Дар изҳороте, ки дар вебсайти ин муассиса чоп шудааст, аз ҷумла, омадааст: “Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба масъулини ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро супорид”.

Ин хабар дар ҳолест, ки солҳои охир Хадамоти алоқа ва ҳукумати Тоҷикистонро барои дар ихтиёри ширкати зери назари қудои президент Бег Сабур вогузор кардани ҳақи комили хариду фурӯши интернет шадидан интиқод мекарданд.

Чунин сиёсат, ки барои мақомот ҳақи назорат аз шабакаву корбарон ва ба даст овардани даромад аз ин хадамотро фароҳам мекард, боиси барои аҳолӣ хеле гарон ва то ҷое дастнорас шудани интернет ва дуруст рушд накардани тиҷорату соҳибкории рақамӣ гардид.

Маълум нест, ки акнун оё ҳақи ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” дар бозори хариди интернет чанд хоҳад буд ва то куҷо зиёд шудани шумори бозигарон дар бозор боиси эҷоди рақобати воқеӣ ва муборизаи ширкатҳо барои ба даст овардани дили муштариҳо дар кишвар мешавад ё на.

Вале бино ба ваъдаи Хадамоти алоқа, қарор аст “рӯзҳои наздик ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” ба ворид намудани Интернети баландсуръат шуруъ намоянд, ки ин иқдом барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон таъсири мусбат мегузорад. Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд”.

Монополияи интернет ва афзоиши якбораи нархунавои хидматрасонӣ дар соҳае, ки ҳанӯз 15-17 сол пеш дар Тоҷикистон бештар аз дигарҳо муваффақу сердаромад гуфта мешуд, чандин сол мавриди интиқоди аҳолӣ ва матбуоту коршиносон буд. Тарафдорони интернети дастрасу босуръат ва рушдкарда онро василаи хуби пешрафти иқтисодиёту тиҷорат дар Тоҷикистоне меноманд, ки захираҳои моддиаш тавони таъмини кору даромад ба тамоми корҷӯёнро дар кишвар надорад.

Вале зоҳиран на интиқодҳои дохилӣ, балки таҳаввулоти баъди шурӯи ҷанги бебаҳона дар Украинаву фирори садҳо ҳазор сокини Русия ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақомоти Душанберо ба андеша водор кард. Бисёр русиягиҳои норозӣ аз ҷанги шурӯъкардаи Кремлин, ки омода буданд кору фаъолияти худро аз Тоҷикистон идома диҳанд, аз суръати пасту нархи баланд ва сифати бади хидматрасонии интернетӣ дар ин кишвар ошкор интиқод карданд.

Онҳо гуфтанд, ки ин масъала онҳоро водор мекунад ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон барои идомаи кору зиндагӣ бираванд. Декабри соли 2022 президенти Тоҷикистон дар як интиқоди камсобиқааш аз минбари Маҷлиси миллӣ гуфт, сифати интернет дар кишвар "қонеъкунанда нест".

Ӯ гуфт, теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар расидааст, аммо "суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Сайёҳон ба куҷо мераванд, ба он кишвар, ки суръати баланди интернет дорад," -- афзуд ӯ. Эмомалӣ Раҳмон аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мухобиротӣ талаб кард, барои боло бурдани суръати интернет, паст кардани нархи он ва дастрас кардани интернети баландсуръат дар минтақаҳо “тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Зимнан, дар як хабари ахири дигаре, ки ҳафтаи ҷорӣ нашр кард, Хадамоти алоқа гуфт, базудӣ шабакаҳои мухобиротии Тоҷикистон бо “шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин” пайваст мешаванд. Мақомот гуфтанд, чунин тасмим дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма» амалӣ мегардад.

Мақомот мегӯянд, баъди ин хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глобалии Интернет ташкил мешавад ва “ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ” берун меорад. Чин - шарики муҳими тиҷоратию сиёсии Тоҷикистон, аз маҳдудкунандаҳои бисёр маъруфи интернет ва озодиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG